Худобердӣ Холиқназар, директори МТС: «Сафари давлатии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аҳамияти стратегӣ дорад»

Август 31, 2017 13:17

ДУШАНБЕ, 31.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аз соли 2013 Созишнома дар бораи шарикии стратегӣ ба имзо расонидааст ва муносибатҳои байни ду  давлат дар сатҳи шарикони стратегӣ ба роҳ монда шудаанд. Аз ин лиҳоз, сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аҳамияти стратегӣ дорад», — изҳор кард Худобердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».

«Анҷом додани сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин барои тақвияти бештар бахшидан ба шарикии стратегӣ равона шудааст. Зимни сафари давлатии Пешвои миллат ба ҶМЧ чандин созишномаҳои нави ҳамкорӣ дар бахшҳои молия, иқтисод, савдо, энергетика ва захираҳои об, илму маориф ва матбуот ба имзо расонида мешаванд», — зикр кард ҳамсӯҳбати «Ховар».

Тавре Х.Холиқназар таъкид кард, ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ барои рушди минбаъдаи бахшҳои мухталифи иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон, инчунин сохтани инфрасохтори рушди иқтисодӣ мусоидат мекунанд. «Аз соли 2006, баъд аз имзои муҳимтарин санадҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвари дӯст оид ба бунёди иншооти муҳими коммуникатсионӣ, аз ҷумла силсилаи шоҳроҳҳои азими байниминтақавӣ, нақбҳои бузург, пулҳои муосири мошингузар, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ аз ҷониби Ҷумҳурии  Мардумии Чин сохта ба истифода дода шуданд, ки ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон такони ҷиддӣ бахшидаанд», — зикр намуд ӯ.

Х.Холиқназар иттилоъ дод, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дуюм бо сафари давлатӣ вориди Ҷумҳурии  Мардумии Чин  мешаванд. Нахустин сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба ин кишвари ҳамсоя соли 2007 сурат гирифта буд. «Бори дуввум бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии  Мардумии Чин рафтани Пешвои миллат шаҳодати обрӯ ва эътибори баланди кишвар дар минтақа мебошад», — изҳор дошт ҳамсӯҳбат ва илова кард:  «Кишвари Чин ҳамчун як абарқудрати аз ҷиҳати молиявӣ тавоно нисбат ба ҳамсояи худ Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтироми хоссаро қойил аст».

Вобаста ба иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши IX  сарони давлатҳои узви БРИКС (Бразилия, Россия, Ҳиндустон, Чин, ҶАҶ), ки дар Пекин баргузор мегардад, Худобердӣ Холиқназар мулоҳизаҳои худро чунин изҳор намуд: «Кишварҳои узви БРИКС дар ҳоли рушд буда, аз ҷиҳати нуфуси аҳолӣ ва иқтидорҳои иқтисодӣ низ аз дигар кишварҳои ҷаҳон бартарӣ доранд. Ҳадафи аслии кишварҳои узви ин созмон тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ дар миёни қитъаҳо мебошад».

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин Ҳамоиш ҳамчун меҳмон даъват шудааст ва эҳтимол аст, ки дар оянда Тоҷикистон дар ин созмон ҳамчун нозир иштирок дошта бошад.

Оид ба заминаҳо ва маҳаки асосии муносибатҳои зичи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии  Мардумии Чин ва ҳадафи ниҳоии муносибатҳои наздики ду кишвари дӯст директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар чунин изҳори назар  кард:  «Меҳвари асосии ин муносибатҳоро эътимоди қавӣ ба ҳамдигар ташкил додаст. Зеро дар давоми 15 соли охир Ҷумҳурии  Мардумии Чин тамоми созишномаҳоеро, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо кардааст, амалӣ намудааст. Ягон созишномае нест, ки Ҷумҳурии Халқии Хитой аз иҷрои он даст кашида бошад. Ин бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки  Чин ҳеҷ вақт аз қавлаш намегардад ва бандҳои ҳамаи созишномаҳоеро, ки ба имзо расонидааст,  иҷро мекунад. Ҳамин аст,  ки ду давлати ҳамсоя ва дӯст ба ҳамдигар  эътимод ва боварии комил доранд».

Тавре Худобердӣ Холиқназар гуфт, ҳадафи ниҳоӣ аз рушди ҳамкориҳои судманди дуҷонибаи  Тоҷикистон ва Чин пеш аз ҳама таъмини амнияти минтақа ва расидан ба рушди  иқтисодии кишварҳои минтақа мебошад.

Акрам САНГЗОДА

Август 31, 2017 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад