ИД МУБОРАК, НАҚБКАНҲО! Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон аз 313 ҳазор то ба беш аз 1 млн. 360 ҳазор тонна расонида шуд

Август 27, 2017 08:48

ДУШАНБЕ, 27.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола якшанбеи охири моҳи август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иди касбии кормандони соҳаи ангишт — Рӯзи нақбканҳо ҷашн гирифта мешавад. Имсол ин сана ба 27 август рост омадааст.

Бояд зикр намуд, ки айни замон соҳаи ангишт бо дигар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ алоқамандии зич дошта, дар рушди иқтисодиёти миллӣ нақши муҳиму назаррас мегузорад. Тайи солҳои охир кормандони соҳаи саноати ангишт барои баромадани кишвар аз буҳрони энергетикӣ, бо ангишт таъмин намудани аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои саноатие, ки аз истифодаи гази табиӣ ба ангишт гузаронида шудаанд, корҳои зиёдеро ба анҷом расонданд.

Сардори Раёсати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Абдураҳимзода зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар тӯли 26 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонё ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаҳои соҳа дар як муҳлати нисбатан кўтоҳ истихроҷи ангиштро аз 313 ҳазор ба беш аз 1 млн. 362 ҳазор тонна расонда, ба рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ ва аз ҳама муҳим, ба кам кардани вобастагии Тоҷикистон аз маводи сўхт (гази табиӣ)-и воридотӣ мусоидат намуданд.

Аз соли 2001 давлат ба ин соҳа бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бо ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ соҳа рў ба рушд ниҳодааст.  Шумораи корхонаҳо аз 2 корхонаи соли 2001 ба 19 адад расидааст. «Мавҷудияти захираҳо ва навъҳои гуногуни ангишт барои зиёд намудани ҳаҷми истихроҷу коркарди саноатии он ва истеҳсоли маводи сўзишворӣ, кимиёвӣ ва технологӣ имконият медиҳад. Истифодаи самараноки ангишт ва дар асоси он рушди соҳаи энергетика, саноати химия ва металлургияи ранга метавонад манбаи асосии ноилшавӣ ба ҳадафҳои иқтисодии кишвар дар самти афзоиши маҷмўи маҳсулоти дохилӣ гардад»,-зикр намуд Баҳриддин Абдураҳимзода.

Бино ба иттилои расмӣ, то имрӯз 230 корхонаи саноатӣ ва энергетикӣ ангиштро ҳамчун сўзишвории алтернативии технологии ивазкунандаи гази табиӣ истифода мебаранд, ки ин тадбир вобастагии иқтисодиёти ҷумҳуриро аз воридоти гази табиӣ ва маҳсулоти нафтӣ коҳиш додааст. Ба андешаи Баҳриддин Абдураҳимзода, ҳамаи ин комёбиҳо ба шарофати дастгирии ҳамарўзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳнати фидокоронаву шабонарўзии кормандони соҳа ба даст омадааст.

27 август кормандони ангишт 343 27 август ангиштканон

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, яке аз ҳадафҳои асосии рушди соҳа- ин заминагузории таъминоти иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо ангишт тариқи такмили тарзи кушоди истихроҷ чун усули самарабахши иқтисодӣ ва заминагузорӣ барои коркарди зеризаминии конҳо мебошад. Ба ин восита ба коркарди комплексии конҳо диққати махсус дода шуда, ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба ин мақсад зарур дониста мешавад. «Дар шароити рақобати имрўзаи иқтисодӣ корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт бояд барои ба истеъмолкунандагон пешниҳод намудани маҳсулоти баландсифат бо истифодаи дастовардҳои илмию техникӣ, технологияҳои муосири каммасрафи истихроҷ, азхудкунии маҷмўи ашёи хом ва коркарди бепартов тадбирҳои мушаххас андешанд, инчунин аз меъёрҳои стандарти байналмилалӣ, усулҳои муосири маркетинг ва инкишофи истеҳсолот васеъ истифода баранд»,-мегӯяд Баҳриддин Абдураҳимзода .

Сардори раёсати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нав   изҳор медорад, ки соли равон низ барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони соҳа тамоили афзун намудани истеҳсолро идома бахшида, мақсад доранд талаботи тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишварро бо ангишт сари вақт таъмин намоянд.

Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ аз аввали сол то 23 августи соли равон истихроҷи ангишт ба 910 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбат ба  ҳамин давраи соли сипаригардида 175 ҳазор тонна зиёд  мебошад. Дар ин давра  аз ҳаҷми умумии ангишти истихроҷгардида ба Корхонаи фардии «Шахтаи Фон-Яғноб»-420 ҳазор  тонна (ё 46,2 % ангишти дар ҷумҳурӣ истихроҷгардида), Департаменти истихроҷи ангишти Ҷамъияти давлатии масъулияташ маҳдуди «Корхонаи металлургии Тоҷик»- 170 ҳазор тонна (ё 19 %), ҶДММ «Талко- Ресурс» – 185 ҳазор тонна (ё 20,5 %) ва ба ҶДММ «Камароб»- 37,9 ҳазор тонна (ё 4,1 %)  рост меояд.

Бояд тазаккур дод, ки захираи ангишт то 23 август дар анборҳои корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт бо назардошти бақияи соли сипаригардида зиёда аз 187 ҳазор тоннаро ташкил дод. Бо назардошти мавҷудияти захираи ангишт дар анборҳои корхонаҳои соҳа, корхонаҳои саноатию энергетикӣ, аҳолӣ ва муассисаҳои буҷетӣ метавонанд ангиштро харидорӣ ва захира  намоянд.

Имрӯзҳо кормандони соҳаи саноати истихроҷи ангишт кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то бо меҳнати софдилонаю хизматҳои шоён ва баланд бардоштани самаранокии меҳнат дар истеҳсолот бо нишондиҳандаҳои назаррас иди касбии худро ҷашн гиранд. Мо низ аз фурсат истифода бурда, кормандони ин соҳа- ангиштканони ҷумҳуриро бо иди касбияшон табрик намуда, дар  ин пешаи мушкил ва    дар айни ҳол муҳими соҳаи саноат барояшон комёбиҳои назаррас таманно дорем!

Шаҳлои САДРИДДИН  

Август 27, 2017 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Кӯлоб машқҳо ва амалиёти низомӣ доир шуданд
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар таҳкими Артиши миллии Тоҷикистон тавассути омодасозии мутахассисон саҳм мегузорад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Истаравшан шинос шуд
Беш аз 700 соҳибкори Бадахшон бо дастгоҳи назоратӣ-хазинавӣ таъмин мешавад
«ПАЁМ — РОҲНАМО БАРОИ ИҶРОИ ҲАДАФҲОИ ШОИСТА». Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар мақомоти Ваколатдор бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир гардид
БӮЙИ БАҲОР МЕРАСАД. Тоҷикистониёнро дар ин фасл чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 17 дараҷа гарм мешавад
Дар қисми низомӣ дар вилояти Суғд Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ бо дастгоҳи муосири ташхиси рентгении рақамӣ (Digital x-ray) таъмин гардид
Таҳаввулоти рақамӣ: чӣ тавр технологияҳои рақамӣ ҳаётро тағйир медиҳанд