Имрӯз ҳаво дар минтақаҳои Тоҷикистон тағйирёбанда боқӣ мемонад

Август 3, 2017 08:41

ДУШАНБЕ, 3.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 3 август дар бештари минтақаҳои кишвар ҳаво тағйирёбанда боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад.
Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ҷойҳо боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Дар ғарби ҳамин вилоят ҳаво шабона 14-19 ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи  вилоят гармии ҳаво шабона ба 7-12 ва рӯзона ба 18-23 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, чангу ғубор ва  раъду барқ  ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20-25 ва рӯзона  36-41 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар  вилояти Суғд  ҳаво камабри бебориш шуда,  дар водиҳо шабона 20-25 ва рӯзона 34-39  дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Гармии ҳаво дар водиҳо шабона ба 19-24 ва рӯзона ба 35-40 дараҷа мерасад.
Дар Душанбе ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат шабона 19-21 ва рӯзона 37-39 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Август 3, 2017 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад