Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри тағйирёбанда ва бебориш дар назар дошта шудааст

Август 21, 2017 10:22

ДУШАНБЕ, 21.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 21 август дар бештари минтақаҳои  Тоҷикистон ҳавои камабри тағйирёбанда ва бебориш дар назар дошта шудааст.

Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 9-14 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ҳамин вилоят гармии ҳаво шабона 1-5 ва рӯзона ба 13-18 дараҷа мерасад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр гашта, гармии ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 32-37 дараҷаро ташкил медиҳад. Ҳавои  вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо ҳарорат шабона ба 17-22 ва рӯзона ба 30-35 дараҷа мерасад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр гашта, ҳарорат шабона 12-17 ва рӯзона  31-36 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона 13-15 ва рӯзона  33-35 дараҷа гарм мешавад.

 

Август 21, 2017 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе