Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст
ДУШАНБЕ, 19.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 19 август дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои камабри тағйирёбанда ва бебориш дар назар дошта шудааст.
Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 9-14 ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ҳамин вилоят гармии ҳаво шабона 1- 5 ва рӯзона ба 16-21 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр гашта, гармии ҳаво дар водиҳо шабона 15-20 ва рӯзона 32-37 дараҷаро ташкил медиҳад. Ҳавои вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо ҳарорат шабона ба 17-22 ва рӯзона ба 30-35 дараҷа мерасад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр шуда, ҳарорат шабона 11-16 ва рӯзона 32-37 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона 13-15 ва рӯзона 36-36 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






