«Инсон, Фарҳанг ва Табиат». Дар кӯҳистони Бадахшон ҷашнвораи табиати ваҳшӣ баргузор шуд

Август 2, 2017 11:30

ХОРУҒ, 02.08.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Ҷашнвораи табитаи ваҳшӣ дар назди қалъаи куҳани Қаҳқаҳа, воқеъ дар деҳаи Намадгути ноҳияи Ишкошим  баргузор шуд. Тавре масъулини Раёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мавзӯи асосии ҷашнвораи имсола «Инсон, Фарҳанг ва Табиат» буда, он асосан ба  эҳёи анъанаҳои неки шикорӣ дар Бадахшон ва ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба ҳимояи ҷонварони нодири Тоҷикистону ҷаҳон – гӯсфанди Марко Поло, озодапаланг ё бабри барфӣ  бахшида шуд.
Фестивал як рӯз идома ёфта, аз намоиши аксҳои табиат, осори таърихии Бадахшон, ҳайвоноти нодири Бадахшон, намоишномаҳои гуногун, сурудҳои фолклорӣ дар бораи шикор, ташрифи музеи халқии Шоҳимардон дар деҳаи Намадгут, зиёрати мазори Шоҳимардон, ташкили бозиҳои гуногуни халқии марбут ба шуғли шикор, сайр ба қалъаи куҳани Қаҳқаҳа, омода кардани ғизоҳои мухталифи  шикорӣ, иҷрои суруду мусиқӣ ва рақсҳои мардумӣ, викторина, мусобиқаҳои тирпаронӣ аз камон ва кашидани нақшҳои рӯисангӣ иборат буд.  Ҷашнвора беш аз якуним ҳазор нафар иштирокчӣ, аз ҷумла сокинони ноҳия, вилоят, меҳмонон аз сохторҳои гуногуни ҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷамъиятҳои эҷодии ҷумҳурӣ, олимон, журналистон ва ҳамчунин сайёҳони зиёди хориҷиро ба ҳам овард. Фестивал ба одамон имкон дод дар тӯли рӯз дар табиати озод мусиқии ноби халқиро гӯш кунанд, аз таомҳои маҳаллӣ чашанд, иттилооти наву муфид гирифта, дар бораи фарҳанг ва табиат бо ҳам ҳарф зананд.
Ин дуюмин ҷашнвораи табиати ваҳшӣ аст, ки дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҷлил мешавад.
Фестивали нахустин соле пеш дар деҳаи Вездараи ноҳияи Роштқалъа, воқеъ дар назди Кӯҳи Шоҳи Тирандоз баргузор шуда буд. Барпокунандагони асосии ҷашнвораи мазкур Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ, ташкилоти ҷамъиятии вилоятии «Кӯҳҳои Помир» буданд.
Тавре масъулини Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят иттилоъ доданд, дар таҷлили ҷашнвора ҳамчунин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим, ташкилоти деҳотии деҳаи Намадгути ин ноҳия, Бунёди Кристенсен, созмони байналмилалии «Пантера» ширкати фаъол доштанд. Дар ҷаҳорчӯби барнома ба мактаб ва осорхонаи деҳаи Намадгут, мактабҳои деҳаҳои Вездараи ноҳияи Роштқалъа, Рангкӯли ноҳияи Мурғоб, Сипонҷи ноҳияи Рӯшон ва Шитхарви ноҳияи Ишкошим низ кумакҳои фаннӣ расонда шуданд. Ҳамчунин ба хотири таъмини аҳолӣ бо иттилои навин ба иштирокчиёни ҷашнвора  китоби «Шикорномаи ниёгон» ва маҷаллаи «Озодапаланг- ифтихори миллии Тоҷикистон», ки аз ҷониби олимони тоҷик таълиф шудаанд, тақдим карда шуд.
Созмондиҳандагони ҷашнвора мегӯянд, ҳадафи аслии баргузории чунин маҳфили бузург иҷрои стратегияи миллии Тоҷикистон дар роҳи ҳифзи муҳити зисти кишвар, баланд бардоштани фарҳанги табиатдӯстии мардум ва ҷалби таваҷҷуҳи сокинони деҳаҳои наздик ба макони зисти ҳайвоноти нодиру зери хатар қарордошта ва  ҳимояи бештари онҳост.

Дар кӯҳистони Бадахшон ҷашнвораи табиати ваҳшӣ баргузор шуд _3Дар кӯҳистони Бадахшон ҷашнвораи табиати ваҳшӣ баргузор шуд

 

Август 2, 2017 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бишкек ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад