Иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Август 3, 2017 15:41

ДУШАНБЕ, 03.08.2017. /АМИТ «Ховар»/. 2 августи соли 2017 дар шаҳри Лянюнгани музофоти Ҷиансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин даври панҷуми Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ бо иштироки ҳайатҳо аз Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ доир гардид. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин форум муовини Сарвазир Азим Иброҳим роҳбарӣ намуд. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба  АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар ҳошияи Форуми мазкур ҳамчунин вохӯриҳои дуҷонибаи Азим Иброҳим бо муовини Раиси Кумитаи умумичинии Шӯрои мардумии сиёсӣ ва машваратӣ Ван Тсинмин, ки дар Форум Чинро намояндагӣ менамуд, ҳамчунин бо Раиси музофоти Ҷиансу У Чжэнлун ва Раиси шаҳри Лянюнган Сианг Суэлонг баргузор шуданд.
Зимни суханронии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форум ва дар вохӯриҳои дуҷонибаи зикршуда ҳолати ҳозира ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Чин, аз ҷумла масъалаҳои таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ, ҳамкории байниминтақавӣ, тақвияти робитаҳо дар соҳаи маориф ва фарҳанг мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуданд.

IMG_3279

Август 3, 2017 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад