КАБИРӢ ВА ТЕРРОРИСТОНИ ДИГАР. Бонки миллии Тоҷикистон рӯйхати 1178 нафар шахсони воқеӣ ва 15 созмони бо терроризм алоқамандро нашр намуд

Август 24, 2017 15:17

ДУШАНБЕ, 24.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ рӯйхати нави шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиеро, ки аз ҷониби мақомоти марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба терроризм ва ифротгароӣ айбдор мешаванд, интишор намуд. Дар ин рӯйхат исми  Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ мебошад, низ зикр шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Бояд зикр намуд, ки дар рӯйхати интишорнамудаи бонк  ному насаби 1178 нафар шахсони воқеӣ ва 15 созмони ҳамчун шахсони ҳуқуқии бо терроризм алоқаманд  дарҷ гардидаанд.

Рӯйхати мазкур мутобиқи қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» ва талаботи «Тартиби гузаронидани чорабиниҳо оид ба манъ ва бекор кардани воситаҳои молиявӣ ё дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд», таҳия шудааст.

Руйхати ташкилотхо Бояд зикр намуд, ки тартиби мазкур расмиёти иҷрои конвенсияҳои байналмилалӣ ва қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МД/МПСҚО) ба ҳисоб рафта, уҳдадории Департаменти мониторинги молиявии БМТ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ ва дигар ташкилотҳои дахлдорро, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт гузаронида, маълумот пешниҳод мекунанд, дар самти МҚД/МД/МПСҚО муқаррар менамояд.

Дар тартиби мазкур омадааст, ки ба рӯйхати миллӣ —  шахсони воқей ва  хуқуқие, ки амалҳои террористиро анҷом медиҳанд, ё барои анҷом додани онҳо кӯшиш мекунанд ё дар анҷом додани амалҳои террористй иштирок  ва  ё ҷиҳати  анҷом додани онҳо дар ҳудуди  Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз он бар зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунанд, бар зидди давлати дигар барои анҷом додани амали террористй омодагй мебинанд, инчунин ташкилотҳое, ки бевосита ё бавосита моликият ё зери назорати чунин шахсон мебошанд, инчунин шахсон ва ташкилотҳое, ки аз ном ё бо супориши чунин шахсон ё ташкилотҳо фаъолият намуда, бевосита ва ё бавосита дар ихтиёр ё зери назорати чунин шахсон ё ташкилотҳои бо онҳо алоқаманд қарор доранд, дохил мешаванд.

Рӯйхати мазкур  аз ҷониби  мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода мешавад.

Тибқи рӯйхат созмонҳои зерин бо қарорҳои дахлдори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун созмонҳои террористӣ эътироф шудаанд:

  1. «Ихвон-ул-муслимин»
  2. «Ҷамоати исломӣ»
  3. Ҷумбиши Толибон

4.Ҳизби исломии Туркистон

  1. «Лашкаи Тайиба»
  2. «Таблиғи Ҷамоат»
  3. «Давлати исломӣ» (ДОИШ)
  4. «Ҷабҳат-ун-нусра»

9.Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

Рӯйхати созмонҳое, ки бо қарорҳои дахлдори Суди Олии Тоҷикистон ҳамчун созмонҳои экстремистӣ эътироф шудаанд:

1.Ҳаракати исломии Ӯзбекистон

  1. «Ал-Қоида»
  2. «Ҷамъияти Таблиғ»
  3. «Созмони Таблиғ»
  4. «Тоҷикистони озод»
  5. «Ҷамоати Ансоруллоҳ»
  6. «Гурӯҳи 24»
  7. «Давлати исломӣ» (ДОИШ)
  8. «Ҷабҳат-ун-нусра»

10.Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

 

 

Август 24, 2017 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

50 ҳазор аҳолии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо оби тозаю безарари нӯшокӣ таъмин мегарданд
Ба Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҷҳизоти нави озмоишӣ дастрас карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали байналмилалии «Шилингел» дар Олмон намоиш дода шуд
Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
«КИТОБХОНА — КОХИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши дӯстдорони китоб доир шуд
Дар шаҳри Панҷакент пойгоҳҳои обкашӣ барқарор карда мешаванд
Доир ба нақши забони давлатӣ дар таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Рӯзи забони давлатӣ дар Суди Олии иқтисодӣ ботантана таҷлил карда шуд
Кишоварзони шаҳри Конибодом беш аз 12 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳо ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад