Кумитаи забон 50 истилоҳу иборавожаҳои варзишии соҳаи футболро ба тоҷикӣ гардонидааст

Август 1, 2017 09:40

ДУШАНБЕ, 01.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли равон 50 истилоҳу иборавожаҳои варзишии соҳаи футболро ба тоҷикӣ гардонидааст.
Тавре раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода  зимни нишасти матбуотии ин ниҳод зикр намуд, «Кумита дар рушду густариш ва истилоҳоти соҳаи варзиш бо Муассисаи давлатии Телевизиони «Варзиш» хамкории доимӣ ба роҳ монда, тибқи муроҷиати роҳбарияти Муассисаи мазкур аз моҳи январи соли равон то ин давра 50 истилоҳу иборавожаҳои варзишии соҳаи футболро ба тоҷикӣ гардонидаву пешниҳод намудааст».
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра барои 135 номи маҳалҳои аҳолинишин хулосаи Кумита пешниҳод гардидааст. Аз ин теъдод Кумита бо назардошти масъалаи такрори номҳо ва номгузорӣ бо номи ашхос, ҳамчунин ҳангоми интихоби номи маҳалҳои аҳолинишин аз хусусиятҳои таърихӣ ва ҷуғрофии ин ё он мавзеъ сарфи назар кардан тағйири 50 номи маҳалҳои аҳолинишин ва ҷамоати деҳотро рад намуд. Инчунин 17 номи ҷуғрофӣ барои омӯзиш ва баррасӣ ба гурӯҳи кории номҳои ҷуғрофӣ пешниҳод карда шуд.

Август 1, 2017 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад