Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар хатсайрҳои мунтазами шаҳрии ҳамлу нақли мусофирон озмун эълон мекунад
ДУШАНБЕ, 07.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои пайдо кардани ҳуқуқи хизматрасонӣ бо нақлиёти автомобилӣ дар хатсайрҳои мунтазами шаҳрии ҳамлу нақли мусофирон озмун эълон мекунад.
Тавре ба АМИТ “Ховар” аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси пойтахт хабар доданд, дар озмун як лот дар доираи 2 хатсайр пешниҳод мегардад:
-хатсайри №50 (Ҷамоати Чоряккорон — Терминали мусофирбарии ҶСП “Фароз” ва хатсайри №28 (маҳаллаи Зарафшон — КВД “Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед”.
Дар озмун шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ки дорои воситаи нақлиёти худиянд ё тибқи қонун ба он моликанд ва иҷозатномаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиётро ҷиҳати дарёфти ҳуқуқи амалӣ намудани ҳамлу нақли мусофирон ҳамчун ширкати нақлиёти автомобилии истифодаи умум доро мебошанд, иштирок карда метавонанд.
Дархостҳо бояд дар лифофаи маҳкам, мӯҳрзада то соати 17:00-и 4 сентябри соли 2017 ба шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод карда шаванд.
Озмун 5 сентябри соли 2017 соати 10:00 дар толори калони маҷлисгоҳи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-80 баргузор мегардад
Хоҳишмандон барои гирифтани маҷмӯи ҳуҷҷатҳои озмун бояд ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе- ба суроғаи хиёбони Рӯдакӣ 80, ҳуҷраи 28 (ошёнаи 3), бо дархости хаттӣ муроҷиат намоянд.
Довталабон метавонанд маълумоти иловагиро тавассути телефонҳои 221-83-56, 935 — 85-00-94 дастрас намоянд.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






