Майдончаи варзишӣ-туҳфаи Вазорати маориф ва илм ба сокинони пойтахт
ДУШАНБЕ, 15.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони «Дӯстии халқҳо»-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои наврасон майдончаи варзишию истироҳатӣ ба истифода дода шуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми ҶТ хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, корҳои лоиҳакашию сохтмонӣ аз ҷониби ширкати ПИТЛ «Душанбешаҳрсоз» тарҳрезӣ гардида, ба маблағи 116 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 1090 метри мураббаъ ба анҷом расонида шуданд.
Дар маросими ба истифода додани майдончаи мазкур муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддин Усмонзода, раиси ноҳияи Шоҳмансур Низом Ҳакимзода ва сокинони маҳалла ширкат варзиданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пештар бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин майдончаи варзишӣ дар маҳаллаи 82, хиёбони Б. Ғафуров, назди биноҳои истиқоматии 73/4 ва 77/3 дар масоҳати 2520 метри мураббаъ ба истифода дода шуд.








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






