Майдончаи варзишӣ – туҳфаи Вазорати нақлиёт ба сокинони кӯчаи Туниси шаҳри Душанбе
ДУШАНБЕ, 18.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар вазорату идораҳои кишвар дар пойтахт майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдаконро ба истифода дод, ки дар маросими ифтитоҳи он муовини аввали Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Сӯҳроб Мирзоев ва муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иштирок намуданд.
Майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон дар назди биноҳои истиқоматии рақамҳои 8 ва 9-и кӯчаи Туниси ноҳияи Сино аз ҷониби сохтмончиёни ширкати «Маҳмил-2012» бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба истифода дода шуд.
Иншооти мазкур дар масоҳати умумии 1740 метри мураббаъ доман густурда, аз майдончаҳои универсиалӣ барои бозиҳои футбол, баскетбол, волейбол ва таҷҳизоти гуногуни варзишӣ, зинапоя ва арғунчакҳои гуногун барои бозии кӯдакон иборат мебошад. Инчунин барои истироҳату фароғати бошандагони кӯчаи Тунис ду адад айвонча бунёд гардида, дар атрофаш гулу ниҳолҳои ороишию сояафкан шинонида шудааст. Роҳҳои атрофи майдончаи варзишӣ аз ҷониби Вазорати нақлиёти кишвар дар масоҳати 1000 метри мураббаъ мумфарш гардидаанд.
Бунёди майдончаи варзишӣ аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокнинони кӯчаи Туниси пойтахт туҳфаи арзандаест дар арафаи ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.










Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






