МАРҲАМАТ БА ИДИ ХАРБУЗА ВА АСАЛ! Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даъват мекунанд
ДУШАНБЕ, 29.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва иди Қурбон бо мақсади ғанӣ гардонидани дастурхони аҳолӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иди харбузаву асал ва ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад.
Тавре аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, иди харбузаву асал ва ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ рӯзҳои 30 -31 августи соли ҷорӣ соати 07-00 дар чор минтақаи шаҳри Душанбе: Маҷмааи савдои «Меҳргон», кӯчаи Ҳусейнзода (назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии Дӯстии халқҳо» ва назди Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал дар шаҳри Душанбе» доир мегардад.
Дар иди харбузаву асал ва ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ беҳтарин кишоварзони ҷумҳурӣ иштирок менамоянд. Ба иттилои манбаъ, барои бошукӯҳ гузаштани ин намоишҳо озмун эълон гаштааст. Дар озмун беҳтарин истеҳсолкунандагон иштирок намуда, маҳсулоти хешро пешкаши аҳолии пойтахт мегардонанд.
«Дар намоиши мазкур навъҳои беҳтарини харбуза, тарбуз ва асалу дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба намоиш ва фурӯш гузошта шуда, меҳмонон ва сокинони пойтахт метавонанд бо нархҳои дастрас аз онҳо харидорӣ намоянд. Ғолибони озмун ва беҳтарин полезкорону занбӯриасалпарварони ҷумҳурӣ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд»,-иттилоъ доданд аз Вазорати кишоварзӣ.








Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид






