«Нақши китобдори ҷавон дар тарғиби сарватҳои иттилоотӣ»-семинар барои китобдорони ҷавон

Август 30, 2017 15:05

ДУШАНБЕ, 30.08.2017. /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр бахшида ба Рӯзи китоб, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад,  дар «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон чорумин семинари ҷумҳуриявии китобдорони ҷавон дар мавзӯи «Нақши китобдори ҷавон дар тарғиби сарватҳои иттилоотӣ» баргузор мегардад.

Семинар бо ибтикори Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар семинар  китобдорони ҷавон аз тамоми ҷумҳурӣ иштирок намуда, оид ба китобдорӣ, китобдӯстдорӣ, ҷалби хонандагон ба китобхонаю китобхонӣ суҳбат мекунанд.

Август 30, 2017 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе