ҲНИТ дар ҳудуди ҳамаи кишварҳои узви ИДМ ташкилоти террористӣ-экстремистӣ ҳисобида мешавад
ДУШАНБЕ, 15.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш дар ВАО дар бораи ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ ба Феҳристи ягонаи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай (СМЗТ СҲШ) ворид гардидани ҲНИТ, ки фаъолияти он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, хабар паҳн гардид. Хабари мазкур дар сомонаи расмии Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай (http://ecrats.org/ru/news/6910) ҷойгир карда шуда, аз тарафи нашрияҳои зиёд ва сомонаҳои интернетӣ бознашр шудааст (ба сомонаи www.khovar.tj нигаред). Ҷолиб аст, ки сомонаи расмии ҲНИТ — «Паём.net» низ ин хабарро ба забони тоҷикӣ тарҷума карда, дар гӯшаи «Хабарҳои фаврӣ» нашр кардааст.
Хотиррасон мешавем, ки бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ аз 21 июни соли 2000 дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил боз як ташкилоти зиддитеррористӣ – Маркази зиддитеррористии ИДМ (www.cisatc.org) фаъолият мекунад, ки он мақоми доимоамалкунанда буда, ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар мубориза ба муқобили терроризми байналмилалӣ ва зуҳуроти ифротгароӣ таъмин менамояд.
Маълум аст, ки ба Маркази зиддитеррористии ИДМ оид ба масъалаҳои муқовимат ба хатарҳои террористӣ ва зуҳуроти ифротгароӣ аз ҷониби сохторҳои амниятӣ, хадамоти махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои узви ИДМ, дигар мақомоти дахлдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавии зиддитеррористӣ хабарҳои муҳим ворид карда мешаванд. Бояд гуфт, ки дар Маркази зиддитеррористии ИДМ нисбат ба шахсоне, ки ба фаъолияти террористӣ ва ифротгароӣ машғул ҳастанд ва дар кофтукоби байналхалқӣ қарор доранд, инчунин нисбат ба ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ва экстремистӣ, ки фаъолияти онҳо дар ҳудуди кишварҳои узви ИДМ манъ карда шудааст, маълумотномаҳо ҷамъоварӣ ва ҳифз карда мешаванд.
Дар асоси маълумоти воридгардида, мутахассисону коршиносони бахши мубориза бо терроризми байналхалқӣ тадқиқот ва таҳлилҳо гузаронида, таҳти таъсири ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ эҳтимолият ва самти тағйир ёфтани вазъиятро пешгӯӣ мекунанд ва барои муқовимат ва вокуниши саривақтӣ нишон додан ба хатарҳои террористӣ тадбирҳои зарурӣ пешниҳод менамоянд.
Ба ҳайати Маркази зиддитеррористии ИДМ хадамоти махсуси кишварҳои Тоҷикистон, Беларус, Россия, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Туркманистон ва Ӯзбекистон шомил буда, Марказ бо созмону ташкилотҳои байналхалқии зерин: Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид, Интерпол, СМЗТ СҲШ (Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай), СААД (Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ), Кумитаи коршиносони Шӯрои Аврупо оид ба мубориза бо терроризм (CODEXTER), Гурӯҳи Авруосиёӣ оид ба муқовимат ба қонунӣ кардани даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда ва маблағгузории терроризм шарик мебошад ва бо созмонҳои байналхалқии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Исроил, Туркия, Эрон ва Арабистони Саудӣ ҳамкории зич дорад.
Дар Маркази зиддитеррористии ИДМ гӯшаи Интерпол ба тариқи мустақим (on-line) фаъолият мекунад, ки дар сомонаи он маълумот нисбат ба шахси дар кофтукови байналхалқӣ қарордошта — роҳбари ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ М.Кабирӣ ҷойгир карда шудааст.
Мавҷуд будани маълумот дар бораи ҲНИТ ва роҳбарону фаъолони он дар маълумотномаҳои умумӣ (хазинаи маълумотҳо), инчунин дигар хабарҳо нисбат ба шахсоне, ки ба фаъолияти террористӣ ва ифротгароӣ алоқаманд ҳастанд, дар рӯйхати шахсони дар кофтукови байнидавлатӣ буда эълон шудаанд, аъзои ташкилоти террористӣ ва эктремистӣ, ки фаъолияти онҳо дар ҳудуди кишварҳои ИДМ манъ карда шудааст, мебошанд, бори дигар таъкид месозад, ки ҲНИТ бояд ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ дар ҳудуди ҳамаи кишварҳои ИДМ дониста шавад.
Андрей ПУЛАТОВ








Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад






