Қоҳир Расулзода дар ноҳияҳои Темурмалик ва Восеъ як зумра иншооти таъйиноти гуногунро ифтитоҳ кард

Август 25, 2017 14:04

ДУШАНБЕ, 25.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 августи соли равон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияҳои Темурмалик ва Восеи вилояти Хатлон дар расми ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гуногун иштирок намуда, бо вазъи корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигар шинос шуд. Дар ноҳияи Темурмалик бо иштироки Сарвазир ва ҳайати Ҳукумат биноҳои  хобгоҳи Гимназияи давлатии ба номи Ҳокимшо Ҳафизов, маҷмааи варзишӣ, Қасри фарҳанг, осоишгоҳи «Нигорамоҳ», шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд. Бинои хобгоҳи дуошёна барои 150 нафар хонандагони болаёқати Гимназияи № 1 пешбинӣ шуда, он аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 5,2 миллион сомонӣ бунёд гардид. Маҷмааи варзишӣ аз ду ошёна ва толори васеъ барои 300 ҷои нишаст иборат буда, дар қабати дуюми бино ҷой барои тамрини бадан бо тамоми шароити мусоид муҳайё гардидааст.

То имрӯз аҳли фарҳанги ноҳияи Темурмалик аз набудани бинои  замонавӣ ва асбобҳои мусиқӣ барои таҳияи барномаҳои фарҳангӣ танқисӣ мекашиданд. Инак барои фарҳангиёни ноҳия бинои дуошёнаи Қасри фарҳанг ва ҳамзамон бо толори васеъ барои 400 ҷои нишаст бунёд гардид. Ҳамчунин ба аҳли фарҳанги ноҳия  асбобҳои гуногуни мусиқӣ тақдим карда шуд.

Худи ҳамин рӯз  дар ҳудуди ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон дуюмин осоишгоҳи истироҳативу табобатӣ мавриди истифода қарор гирифт. Осоишгоҳи «Нигорамоҳ» аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ  Имомалӣ Мақсудов бунёд шуда, хизматрасониҳои тиббӣ дар он мувофиқ ба талаботи замони муосир ба роҳ монда шудааст. Бино дуошёна буда, дар як вақт имкон дорад 80 нафарро қабул намояд. Дар ин Осоишгоҳи истироҳативу табобатӣ беморони гирифтори маризиҳои асаб, сутунмӯҳра, буғумдард ва бемориҳои дарунӣ аз ҷониби 25 нафар мутахассисони соҳимаълумот табобат карда мешаванд.

Дар баробари  мавриди истифода қарор гирифтани шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамзамон 3 нафар  корманди ин ниҳод бо хонаи истиқоматии дуҳуҷрадор  таъмин гардиданд. Бинои нави  шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар ноҳияи Темурмалик    дуошёна ва ҳамзамон дорои тамоми шароити корӣ ва истиқоматӣ мебошад.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамзамон бо ҷараёни корҳои  кишоварзӣ  дар  Хоҷагии  деҳқонии «Ҳоҷӣ Ҷаббор»-и ноҳияи  Восеъ   шинос шуд. Деҳқонони  Кооперативи тиҷоратии «ЯБ» дар маъракаи кишти имсола дар майдони 70 гектар пахта кишт намудаанд, ки ҳосилнокии он хуб  ба назар мерасад.

Дар ин рӯз ҳамчунин дар марказ ва деҳаҳои дурдасти ноҳияи Восеъ беморхона, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 58, 65 ва 61 ифтитоҳ гардиданд. Бинои нави мактаби №58 барои 400 ҷои нишаст дар ду баст аз ҳисоби буҷети давлат ба маблағи 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  № 65 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ  Назар Қосимов сохта шуда, дорои ду ошёна ва  шароити мусоид мебошад. Ҳангоми шиносоӣ бо бинои нави  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 61 Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳукумат ба сифати мактаб баҳои баланд доданд. Муассисаи мазкур тибқи нақшаи тарҳрезигардида бо иқтидори лоиҳавӣ барои 560 ҷои нишаст бо назардошти 25 синфхона, аз ҷумла 8 кабинети фаннӣ (физика, химия, биология, лингафонӣ, тайёрии ҳарбӣ, компютерӣ, таълими меҳнат) бунёд шудааст.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонии варзишгоҳ  ба сифати корҳои сохтмонии ин иншоот диққати махсус зоҳир кард. Варзишгоҳ аз ҳисоби буҷети давлат барои 20 ҳазор ҷои нишаст бунёд карда мешавад.

Бунёди муассисаҳои таълимӣ ва беморхонаву дигар марказҳои хизматрасонӣ дар ноҳияҳои Темурмалик ва Восеи вилояти Хатлон барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва беҳтар шудани  хизматрасонии тиббӣ  равона шуда, туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба муносибати 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардум мебошад.

Август 25, 2017 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кумитаи телевизион ва радио бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Ду сокини ноҳияи Ёвон барои риоя накардани қонуни танзим ҷарима карда шуданд
Дар Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯлоб хизматрасонии тиббӣ беҳтар мешавад
«ПЕШВОИ МАН-ИФТИХОРИ МАН». Дар Душанбе байни кӯдакони ятиму бепарастор озмун оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ҳунармандони Мастчоҳ соҳиби грантҳои раиси ноҳия шуданд
«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ -ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО». Дар Душанбе ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи роҳи оҳан доир шуд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон аксияи зимистона баргузор гардид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Майотта бар асари тӯфони Чидо беш аз 20 нафар ҳалок гардид
Сардии ҳавои Бадахшон сабаби ҷорӣ шудани маҳдудият дар интиқоли муътадили неруи барқ гардид
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Намоиш-озмуни «Меъмор-2024» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд