«Оғози марҳалаи нави ислоҳоти маънавӣ» — шарҳи матбуот

Август 31, 2017 16:40

ДУШАНБЕ, 31.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи «Ҷумҳурият» (29.08.2017,№183-184) дар шумораи навбатӣ оид ба баргузор шудани маҷлиси навбатии Ҳукумати мамлакат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоия нашр кардааст. Дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати мамлакат ҳисоботи раиси шаҳри Турсунзода оид ба ҷараёни иҷрои Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» шунида шуда, ҳамчунин лоиҳаи як зумра қонунҳои мамлакат барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод карда шуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ барои таъмини иҷрои муқаррароти қонунҳои амалкунанда, қарору фармоишҳои Ҳукумат ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ, кишти такрорӣ, омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи оғози соли нави хониш ва ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Нашрия ҳамчунин аз мулоқоти Пешвои миллат бо сардори Ситоди муттаҳидаи Артиши озодибахши Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Зо Чен хабари муфассал нашр кардааст. Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории амниятӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистон ва Чин, ки меҳвари муносибатҳои дуҷонибаро ташкил медиҳанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Хабари дигари нашрия аз мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии Тоҷикистон ва Ҳиндустон нақл мекунад. Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд зикр шудааст: «Ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки баҳри рушду такомули минбаъдаи ҳамшарикии гуногунҷанбаи ду кишвар саъю кӯшишҳои зарурӣ ба харҷ диҳад». Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд омадааст: «Муносибатҳои байни Ҳиндустон ва Тоҷикистон аз рӯи таърих, забон, анъана ва фарҳанги муштарак реша давондаанд. Бинобар ин, бамаврид аст, ки ду кишвари мо бо шарикии стратегӣ ва дар асоси ҳадафҳои умумии амният ва шукуфоии ду кишвар ва минтақа бо ҳам пайванданд». Нашрия ҳамчунин мақолаҳои «Бадеъуззамон Фурӯзонфар: «Мавлоно тоҷики асил аст», «Гавҳари қиматбаҳо», «Мушкилоти дору», «Шоҳмот – варзиши  зеҳнӣ», «Вобастагӣ ба сигор. Роҳи халосӣ ҳаст?», «Морис Букмастер, 100 разведкачӣ» ва хабарҳои ҷолибро аз кишварҳои минтақа пешкаши хонандагон намудааст.

«Ҷумҳурият» (30.08.2017,№185) матни суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ чоп кардааст. 30 август дар шаҳри Душанбе дар арафаи Рӯзи дониш бинои маъмурию таълимии Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар маросими тантанавӣ ифтитоҳ ёфт. Зимни маросими мазкур Пешвои миллат суханронӣ намуда, зикр карданд: «Фарзандони мо бояд хуб дарк намоянд, ки омӯхтани илму дониш ва аз худ кардани касбу ҳунар танҳо дар сурати пойдории сулҳу оромӣ ва амнияти ҷомеаву давлат имконпазир мебошад». Сарвари давлат ҳамчунин оид ба низоми таҳсил дар сохтори маорифи Тоҷикистон мулоҳизаҳои худро баён карда, таъкид намуданд, ки «Низоми муосири таълим хоси даврони истиқлолият мебошад ва барои баланд бардоштани сифати таълим ва бедор кардани завқу ҳаваси хонандагон ба донишомӯзӣ мусоидат мекунад. Ҳоло дар соҳаи маориф гузариш ба стандартҳои нави таълим идома дошта, зарурати ворид намудани шаклу воситаҳои нави азхудкунии илму дониш дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот пеш омадааст».

Дар остонаи ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ маҷмааи нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба истифода дода шуд. Нашрия дар ин хусус хабари муфассал нашр кардааст. Маҷмааи таълимӣ дар шаҳраки Шифобахши ноҳияи Сино воқеъ буда, аз ду бинои таълимии панҷошёна иборат мебошад ва бо супориши Сарвари давлат барои донишҷӯён ва устодони донишгоҳи мазкур бунёд ёфтааст.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» (28.08.2017,№103) аз шиносоии Пешвои миллат бо вазъи корҳои кишоварзӣ дар мавзеи Канаски деҳоти «Ромит» хабари васеъ нашр кардааст. Дар хабар омадааст, ки: «мутобиқи дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ масоҳати кишти картошкаи тухмиро дар соли 2018 то 400 гектар васеъ намуда, ҳосили онро ба 16 ҳазор тонна мерасонад. Тухмии истеҳсолгардидаи картошкаи барвақтии мавзеи Канаск  асосан барои ба роҳ мондани кишти барвақтии картошка дар ноҳияҳои водии вилояти Хатлон ва минтақаи Ҳисор истифода мегардад». Нашрия аз баргузор шудани ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, ки дар он 9 масъала баррасӣ карда шуданд, хабар чоп кардааст. Оид ба мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Ш.Зуҳуров бо ҳамоҳангзоси Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Пратибха Мехта хабари М. Султонов дар нашрияи парлумонӣ чоп шудааст.

Шумораи навбатии «Садои мардум» (29.08.2017,№104) аз ҷараёни Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, ки 28 август баргузор гардид, гузориши муфассали матбуотӣ нашр кардааст. Дар ҷаласаи мазкури палатаи болоии Парлумони мамлакат вакилон таҳти шиори «Ҷонибдории тағйиру иловаҳо ба қонуни миллӣ – оғози марҳалаи нави ислоҳоти маънавӣ» якдилона ва аз мавқеи устувори шаҳрвандӣ лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, аз он ҷонибдорӣ карданд. Нашрия андешаҳо ва мулоҳизаҳои аъзои Маҷлиси миллиро дар ин мавзӯъ нашр кардааст.

Минбари эҷодкорони Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат» дар саҳифаи назм шеърҳои узви нави Иттифоқи нависандагон Насимбек Қурбонзода ва дар саҳифаи наср ҳикояи Мансур Сурушро бо номи «Як нафас озодӣ» нашр карда, барои дӯстдорони адабу ҳунари эҷодӣ мақолаҳои «Ҷамоли шеъри Камол», «Гулшукуфти дилҳо», «Хидматгузори илму адаби тоҷик», «Харҷ оҳистатар кун», «Огоҳии ҳангомабор», «Ҷилои андеша» пешкаш кардааст.

Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» аз маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун гузориши муфассали матбуотӣ нашр кардааст. Нашрия мақолаи Мансур Сайфиддинро бо сарлавҳаи «Хуни одамӣ об не» чоп кардааст. Муаллиф навиштааст: «Ёдам ҳаст, ҳар гоҳ хабари ягон ҳодисаи террористӣ паҳн шавад, одамон бо изтироб аз якдигар мепурсиданд: ин қотилон кӣ бошанд, дар паси онҳо кӣ меистад, онҳо бо дастури кӣ беҳтарин фарзандони миллатро аз байн мебаранд? Дар он давраи муташанниҷ чунин саволҳо аксаран беҷавоб мемонданд. Вале имрӯз ҳамааш аён гардид. Барангезандагони ҷанги шаҳрвандӣ ва қотилон роҳбарону аъзои зархариди ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва хоҷагони аҷнабии онҳо мебошанд. Маблағгузорону тарроҳони амалиёти террориситӣ ҳам маълуманд…».

Август 31, 2017 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПЕШВОИ МАН-ИФТИХОРИ МАН». Дар Душанбе байни кӯдакони ятиму бепарастор озмун оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ҳунармандони Мастчоҳ соҳиби грантҳои раиси ноҳия шуданд
«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ -ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО». Дар Душанбе ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи роҳи оҳан доир шуд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон аксияи зимистона баргузор гардид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Майотта бар асари тӯфони Чидо беш аз 20 нафар ҳалок гардид
Сардии ҳавои Бадахшон сабаби ҷорӣ шудани маҳдудият дар интиқоли муътадили неруи барқ гардид
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Намоиш-озмуни «Меъмор-2024» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд
Онлайн-қарзҳо, такси, доруворӣ аз рӯи дорухат: Super App-и маъруф боз ҳам муносибтар шуд
ҲИЗБЕ, КИ ОРМОНҲОИ МАРДУМРО АМАЛӢ МЕНАМОЯД. Бардошт аз ҳамоиш дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад