Обу ҳаво: Имрӯз дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон боридани борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад

Август 10, 2017 09:52

ДУШАНБЕ, 10.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 10 август дар бештари минтақаҳои кишвар ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ карда мешавад.

Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр шуда боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар ғарби вилоят шабона 13-18 ва рӯзона 29-34 дараҷа гарм шуда, дар шарқи ҳамин вилоят гармии ҳаво шабона ба 4-9 ва рӯзона ба 13-18 дараҷа мерасад.

Дар вилояти Хатлон гармии ҳаво дар водиҳо шабона 21-26 ва рӯзона 36-41 дараҷаро ташкил медиҳад. Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар минтақаҳои кӯҳӣ борон меборад. Ҳарорат шабона 20-25 ва рӯзона ба 34-39 дараҷа мерасад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст.  Ҳарорат шабона ба 17-22 ва рӯзона ба 36-41 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабр шуда, ҳарорат шабона 18-20 ва рӯзона  37-39 дараҷаро ташкил  медиҳад.

 

 

Август 10, 2017 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад