Пагоҳ нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2017 анҷом меёбанд

Август 3, 2017 12:10

ДУШАНБЕ, 3.08.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Пагоҳ, 4 августи соли 2017 нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2017 ба анҷом мерасанд. Мутобиқи нақша,  4 август нишастҳои матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» гузаронида мешаванд.
Нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 август соати 9:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 40) таъйин шудааст.
Роҳбарияти  КВД «Тоҷиксуғурта» бо намояндагони воситаҳои ахбори омма 4 август соати 10:00 дар бинои КВД «Тоҷиксуғурта» (ш. Душанбе, к. Деҳлавӣ, 4 а) мулоқот мекунад.
Маркази миллии тестӣ журналистонро ҷиҳати иштирок дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар шашмоҳаи аввали соли равон 4 август соати 14:00 ба толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар»  даъват кардааст.
Хотиррасон мешавем, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои мамлакат баъд аз ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳа ва солона ҳар сол ду маротиба нишастҳои матбуотӣ баргузор карда, ба саволҳои намояндагони ВАО   посух медиҳанд.

Август 3, 2017 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад