Пешгирии ҷамъоварии ғайриқонунии шираи камол дар Ғаллаобод
ДУШАНБЕ, 22.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. 21 август зимни гузаронидани корҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон: Ҳамидулло валади Гулмурод, соли таваллудаш 1982, Ҳабибулло валади Азизулло, соли таваллудаш 1986, Ғуломсахӣ валади Абдулҳаким, соли таваллудаш 1986 ва Абдушукур валади Муҳаммадазим, соли таваллудаш 1981, истиқоматкунандагони деҳаи Хулми вилояти Мазори Шариф, ҳангоми ҷамъоварии ғайриқонунии шираи камол дастгир карда шуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, аз номбурдагон мувофиқи маълумотномаи Раёсати Хадамоти фаъолияти фармасевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 12 килограмму 900 грамм маводи шираи камол дарёфт ва мусодира карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






