Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» қонеъкунанда нест»
ДУШАНБЕ, 17.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ҷайҳун мулоқот намуда, оид ба ҷараёни иҷрои Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия, саҳми сокинони ноҳия дар рушди соҳаи кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, таъминоти аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом суханронӣ карданд.
Зикр карда шуд, ки соли 2016 дар корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи қариб 90 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот нисбат ба соли қаблӣ 16 миллион сомонӣ афзудааст, аммо дар ин самт ҳанӯз масъалаҳои зиёди ҳалталаб вуҷуд доранд.
«Тадбирҳои аз ҷониби сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати бартарафсозии монеаҳои рушди соҳибкорӣ, истифодаи иқтидорҳои мавҷуда, таъсиси корхонаҳои нав ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ андешидашуда чандон кофӣ ва самарабахш нестанд. Масалан, соли 2016 аз 6 корхонаи саноатии ноҳия 4 корхона фаъолият карда, субъектҳои соҳибкории ба қайд гирифташуда асосан дар соҳаҳои ғайрисаноатӣ фаъолият намудаанд», — гуфтанд Пешвои миллат ва фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»-ро мавриди таҳлил қарор дода, чунин зикр карданд: «Фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» қонеъкунанда нест. Ҳол он ки аз соли 2009 то инҷониб аз ҳисоби буҷети давлат барои нигоҳдорӣ ва сохтмони иншооти зарурати аввалияи он 6 миллион сомонӣ маблағ сарф гардида, бунёди инфрасохтори он ба анҷом расонида шудааст. Ҳоло дар минтақаи мазкур 14 ширкат ба қайд гирифта шудааст ва то имрӯз ҷиҳати ба фаъолият оғоз кардани онҳо ҳамагӣ 7 миллион сомонӣ сармоягузорӣ гардида, 100 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Ин рақамҳо нисбат ба имкониятҳое, ки дар минтақа вуҷуд доранд, ночизанд».
Бояд гуфт, ки дар шашмоҳаи якуми соли равон маҳсулоти саноатӣ умуман истеҳсол нашудааст ва корҳои сохтмонӣ низ иҷро нагардидаанд.
Бо назардошти ин, Сарвари давлат дастур доданд, ки «Вазорати рушди иқтисод ва савдо, маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия тавассути ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва воридоти технологияҳои навтарин барои суръатбахшии раванди ташаккул ва рушди минтақа тадбирҳои фаврӣ андешанд».
Таъкид карда шуд, ки фаъолияти минтақа ба андешидани тадбирҳои иловагӣ ва беҳбудии ҷиддӣ ниёз дорад, зеро суръати ҷараёни сохтмони иншооти истеҳсолӣ хеле суст буда, инфрасохтори бунёдгардидаи он ҳанӯз ба талабот ҷавобгӯ намебошад.
Хотиррасон мешавем, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ, ифтитоҳи як зумра иншооти ҳаётан муҳим ва боздид аз хоҷагиҳои кишоварзӣ бо сафари корӣ дар вилояти Хатлон қарор доранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд






