Президенти Тоҷикистон: «Ҳар як ваҷаб замини корам бояд самаранок истифода шавад, вагарна ба фаровонии маҳсулот ва коҳиши нархи он дар бозорҳо муваффақ шуда наметавонем»

Август 4, 2017 15:33

ДУШАНБЕ, 04.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ноҳияи Носири Хусрав барои тараққӣ додани соҳаи кишоварзӣ ва ба ҳамин восита ташкил кардани ҳазорҳо ҷойи нави корӣ имкониятҳои васеъ дорад. Ин матлабро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Носири Хусрав баён намуданд.

Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишоварзони ноҳия дар даврони истиқлолият ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро мунтазам афзоиш дода, соли гузашта дар ҳаҷми 270 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 1996-ум 10 баробар зиёд мебошад. Бо вуҷуди ин, истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда ҳоло ҳам таъмин нагардида истодааст. Кишти такрорӣ, ки дар ноҳияи Носири Хусрав барои он шароити хеле васеъ мавҷуд аст, на дар ҳама қитъаҳои замин ба роҳ монда шудааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо дастуру супоришҳо дода, зикр  намуданд, ки дар ин самт мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияро зарур аст барои пурраву самаранок истифода намудани заминҳои корами ноҳия ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироат тадбирҳои мунтазам андешанд. «Соли 2014 ҳангоми сафари корӣ ба ноҳия Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро вазифадор карда будем, ки барои ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани майдони 4850 гектар заминҳои партов, аз ҷумла 3900 гектар заминҳои партови обӣ ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 3000 гектар замин чораҷӯӣ намоянд. Вале мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки корҳои то ба имрӯз дар ин самт амалигардида ҳанӯз қонеъкунанда нестанд.Аз ин рӯ, бори дигар таъкид менамоям, ки ҳар як ваҷаб замини корам бояд самаранок истифода бурда шавад, вагарна дар шароити афзоиши мунтазами аҳолӣ ва торафт зиёд гардидани талабот ба маводи ғизоӣ, мо ба фаровонии маҳсулот ва коҳиш додани нархи он дар бозорҳо муваффақ шуда наметавонем. Фаромӯш набояд кард, ки аз заминҳои обии ноҳия дар як сол то се ҳосил гирифтан мумкин аст»,-иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш.

Август 4, 2017 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад