Президенти Тоҷикистон: «Ноҳияи Шаҳритус барои пешрафти саноат имкониятҳои хуб дорад»

Август 4, 2017 11:06

ДУШАНБЕ, 4.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ноҳияи Шаҳритус барои пешрафти саноат, аз ҷумла дар самти истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дӯзандагиву ҳунарҳои дастӣ шароиту имкониятҳои хуб дорад, вале соли гузашта суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия нисбат ба соли 2015 ҳамагӣ 0,7 фоиз ва дар нимсолаи аввали соли равон 1,5 фоизро ташкил кардааст». Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиён баён намуданд.

Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар се соли охир дар ноҳияи Шаҳритус ҳамагӣ 5 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ таъсис дода шуда, ҳоло шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 22 адад расидааст, ки ин нишондиҳанда бо назардошти имкониятҳои ноҳия хеле кам мебошад. Ҳамчунин Сарвари давлат илова намуданд, ки аз шумораи зикршуда дар 6 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 12 корхона фаъолият кардааст, ки чунин вазъро ҳаргиз қонеъкунанда ҳисобидан мумкин нест. Бинобар ин, роҳбарони вилоят ва ноҳия, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди маҳал ва дигар сохтору мақомоти дахлдор барои ислоҳи чунин вазъ ва дар навбати аввал, бартараф намудани монеаҳои рушди соҳибкорӣ, таъсиси корхонаҳои нав ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ бояд тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ намоянд.

«Дар соҳаи роҳу нақлиёти ноҳия низ мушкилоту камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд, ки бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд. Бо вуҷуди супоришҳои қаблӣ аз 134 километр роҳҳои мошингарди ноҳия то имрӯз ҳамагӣ сеюним километри онҳо таъмир карда шудаанд»,-изҳори нигаронӣ карданд Сарвари давлат.

Август 4, 2017 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад