Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Ба масъалаи рушди соҳаи саноат эътибори аввалиндараҷа бояд дод»

Август 18, 2017 09:43

ДУШАНБЕ, 18.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Фаъолияти Муассисаи давлатии хоҷагии зотпарварии «Панҷ», ки дар минтақа хоҷагии асосии зиёд намудани саршумори чорвои хушзот ба шумор меравад, чандон қаноатбахш ва самаранок нест ва беҳбудии ҷиддӣ металабад. Зеро афзоиш додани саршумори чорвои хушзот дар хоҷагиҳои чорводорӣ ва аҳолӣ аз фаъолияти роҳбарону мутахассисони ин муассиса вобастагии калон дорад. Аз ин лиҳоз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Панҷ ва Вазорати кишоварзиро зарур аст, ки ҷиҳати ривоҷ додани соҳаи зотпарвариву парандапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, моҳипарварӣ ва ба ин бахш ҷалб намудани мутахассисони соҳибтаҷриба тадбирҳои иловагӣ андешанд. Чунин таъкид намуданд имрӯз  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Панҷ.

Тавре Сарвари давлат зикр намуданд, «зарур аст, ки ба масъалаи рушди соҳаи саноат, таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла доир ба коркарди ашёи хом ҳамчун манбаи асосии бо ҷойи кор таъмин намудани сокинони ноҳия ва афзоиши даромади буҷети маҳаллӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад».

Сарвари давлат оид ба масъалаи рушди соҳаи саноат ба роҳбарияти  ноҳия супориш доданд, ки бояд доир ба дастгирии соҳибкорон, ҷалби ҳарчи бештари сармояи ватаниву хориҷӣ ва истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ чораҷӯӣ намоянд.

 

Август 18, 2017 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад