Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон: содиршавии ҷиноят аз ҷониби ноболиғон кам гардидааст
ДУШАНБЕ, 3.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 12 ҳазору 638 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин миқдор беш аз 4 ҳазор ҷиноят аз ҷониби мақомоти Прокуратураи генералӣ ошкор карда шудаанд. Ин нуктаро имрӯз Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма баён дошт.
Дар нишаст зикр шуд, ки мақомоти прокуратура ҷиҳати таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин мубориза бо ҷинояткорӣ корҳои назарасро ба анҷом расонида, дар давраи ҳисоботӣ 4077 адад ҷиноятро ошкор намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки содиршавии ҷиноят аз ҷониби ноболиғон нисбат ба соли сипаригардида дар ҷумҳурӣ кам гардида, дар шашмоҳаи аввали соли равон 339 ададро ташкил додааст.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






