Рӯзномаи туркии «Босфор»: «ҲНИТ ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон карда шуд»

Август 2, 2017 09:45

ДУШАНБЕ, 02.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. 31 июли соли равон рӯзномаи байналмилалии туркии «Босфор», ки дар шаҳри Истанбул бо забони русӣ нашр мешавад, таҳти унвони  «ҲНИТ ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон гардид» мақола чоп кард. Мақолаи мазкур ҳамчунин дар сомонаи интернетии рӯзнома бо нишонии зерин  ҷойгир карда шудааст: http://www.vestiturkey.com/pibt-obvlena-kstremistsko-terroristicesko-organizacie-4578h.htm.

Ба таваҷҷуҳи хонандагон матни пурраи мақоларо пешниҳод  мекунем.

1-972231 июли соли 2017, рӯзи душанбе, соати 12:47

ҲНИТ ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эълон гардид

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эълон карда, фаъолияти онро дар ҳудуди мамлакат мамнуъ кард.

29 августи соли 2015 Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи Прокурори генералиро дар бораи эълон кардани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ҳамчун ташкилоти экстремистӣ-террористӣ, манъ кардани фаъолият ва барҳам додани он, инчунин қатъ кардани нашри ҳафтаномаи «Наҷот», бастани сомонаи интернетии ҳизб ва манъ кардани воридот ва паҳнкунии ҳама гуна маводи иттилотии ҳизб баррасӣ карда буд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 4 декабри соли 1991 созмон дода шудааст. Солҳои 1992-1997 ҳизб дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фаъолият дошт. Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба фаъолияти ҳизб дар Тоҷикистон иҷозат дода шуд. 28 сентябри соли 1999 ва 15 октябри соли 2003 он ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав ба қайд гирифта шуд.

2-2002
ҲНИТ ба чӣ кор машғул буд?

Новобаста ба он ки таъйиноти аслии созмон додани ҲНИТ «аз ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи ваҳдат ва тамомиятии арзии Тоҷикистон, дифоъ аз барқарории сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи мардумони ҷумҳурӣ» иборат буд, дар давоми солҳои охир аъзои ҲНИТ ҷиноятҳои зиёди дорои характери террористӣ ва экстремистӣ содир карданд, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифода аз воситаҳои ахбори омма душманӣ, кинаву адоват ва норозигӣ паҳн мекарданд. Ин амалҳо боиси халалдор шудани ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъият гардида, ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид мекарданд.

Чунончӣ, раиси шуъбаи ҲНИТ дар ноҳияи Рашт Ҳусниддин Давлатов дар ҳайати созмони террористии «Ҷамоати Ансоруллоҳ» таҳти роҳбарии Аловвудин Давлатов бо лақаби «Алии Бедакӣ» ва Абдулло Раҳимов бо лақаби «Мулло Абдулло» соли 2010 дар водии Рашт дар қатли бераҳмонаи 25 нафар хизматчиёни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита иштирок карда буданд.  Номбурда ҳангоми интиқол додани маводи химиявӣ ба гурӯҳи террористии мазкур бо мақсади тайёр кардани маводи тарканда дастгир шуда, ба муҳлати 11 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум гардид.

Аъзои фаъоли ҲНИТ дар шаҳри Исфара Мукаррамхуҷа Шарипов, Мусайямхуҷа Шарипов ва Абдумубин Турсунов моҳи январи соли 2008 давоми якчанд рӯз фаъолони ташкилоти террористии «Ҳизби исломии Туркистон» Абдуфаттоҳ Қаюмов ва Абдухолиқ Бобоевро, ки бо худ силоҳи оташфишон доштанд ва бинобар даст доштан дар куштори афсари милитсия ва дигар ҷиноятҳои мудҳиш дар ҷустуҷӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доштанд, дар хонаҳои худ ҷойгир кунонда, онҳоро бо ҷойи хоб ва хӯрок таъмин карда, сипас худ ба ин гурӯҳи террористӣ пайвастаанд.

3-02
Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва дигар аъзои раёсати олии ин ҳизб аз соли 2010 то ҳоло ба воситаи ҳафтаномаи «Наҷот» ва дигар ВАО мунтазам ба муқобили сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии ҳокимияти конститутсионӣ ва давлати қонунӣ мақолаву хабарҳо ва гузоришҳои барангезандаи душманӣ, бадбинӣ, низоъҳои миллӣ ва мухолифатҳои диниро дар миёни аҳолии мамлакат нашр ва паҳн мекарданд.

Бо мақсади ғасб кардану нигоҳ доштани ҳокимият ва бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва дигар аъзои раёсати олии ҲНИТ якҷоя бо собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода,  аз ҳисоби собиқ размандагони Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони Тоҷикистон ва дигарон дар ҳайати иттиҳодияи ҷиноятӣ зиёда аз 200 гурӯҳҳои ҷиноятиро бо шумораи 15-30 нафар дар ҳар яке аз онҳо ташкил намуда, бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои худ аз рӯи нақшае, ки аз ҳуҷраҳои кории муовинони раиси ҲНИТ Умаралӣ Ҳисайнов ва Маҳмадалӣ Ҳаитов дарёфт карда шуд, онҳоро уҳдадор карда буданд, ки ба иншооти муҳими давлатӣ ҳамлаи мусаллаҳона намуда, фаъолияти онҳоро таҳти идораи худ гиранд.

Тибқи нақша ҳамлаи мусаллаҳона мебоист аз ҷониби гурӯҳи иборат аз 40 нафари мусаллаҳ аз ду паҳлӯи Қасри Миллат, гурӯҳи иборат аз 25 нафар ба бинои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, гурӯҳи иборат аз 30 нафар аз се паҳлӯи бинои ВКД, гурӯҳи иборат аз 25 нафар аз се паҳлӯи бинои КДАМ, гурӯҳи иборат аз 40 нафар ба Фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва дигар гурӯҳҳои ҷиноятӣ ба биноҳои Вазорати мудофиа, Раёсати мубориза ба муқобили ҷиноятҳои муташаккили ВКД, Кумитаи телевизион ва радио, Шабакаи якуми телевизиони тоҷик, телевизиони «Баҳористон», раёсат ва дигар шуъбаҳои ВКД дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ваҳдат сурат мегирифт.

Зимни кофтуков аз ҳуҷраҳои кории идораи марказии ҲНИТ зиёда аз 30 адад варақаҳои таблиғотии ҳизб, ки аҳолиро ба таври оммавӣ барои содир кардани фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ  даъват мекарданд, дарёфт карда шуданд, ки  дар онҳо   даъвати зерин дарҷ шуда будад: «Ба бародарони наҳзатӣ! Ва ҳамаи онҳое, ки ҷонибдор ва дилсӯзи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳастанд!!!».

4-03.20170731130553
Мувофиқи матни варақа, Раёсати олии ҲНИТ аз ҷонибдорони худ даъват кардааст, ки рӯзи муайяншударо мунтазир шаванд ва силоҳ ба даст гирифта,  дар мубориза бо «низоми золим ва зиддидинӣ» (онҳо фаъолияти пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон чунин баҳогузорӣ кардаанд), куштор содир кунанд.

Бо мақсади барҳам задани сохти конститутсионии давлатӣ шаби 3 ба 4 сентябри соли 2015 шахсони номбаршуда мувофиқи нақшаи ҷиноятии тартибдодаи худ ба содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин сар карданд. Аз ҷумла А. Назарзода бо суиистифода аз мансаби хизматии муовини вазири мудофиа, ҳамчун яке аз роҳбарони иттиҳодияи ҷиноятӣ якҷоя бо гурӯҳи ҷонибдорони худ иборат аз 12 нафар шахсони ғайриҳарбӣ навбатдорони нуқтаи назоратӣ-гузаргоҳии Вазорати мудофиа ва қисми ҳарбии 17615-ро халъи силоҳ намуда, ғайриқонунӣ вориди бинои маъмурии Вазорати мудофиа ва қисми ҳарбии 17615 шуданд. Онҳо дар иншооти мазкур силоҳи оташфишон, тир ва муҳимоти ҷангиро бо мақсади мусаллаҳкунонии аъзои гурӯҳи ҷиноятӣ аз худ карданд.

Амалҳои ҷиноятии худро идома дода, А.Назарзода ва ҳамроҳони ӯ дар дохили бинои Вазорати мудофиа ғайриқонунӣ муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майёр Бобоҷон Саидзода ва командири қисми ҳарбии 08050-ро аз озодӣ маҳрум карданд.

Дар ҳамин вақт бо супориш ва таҳти идораи бевоситаи А.Назарзода зиёда аз 150 нафар аъзои иттиҳодияи ҷиноятӣ дар макони қаблан таъйиншуда, воқеъ дар мавзеи «Хлебзавод»-и шаҳри Душанбе ҷамъ оварда шуда, ғайриқонунӣ бо силоҳи оташфишон таъмин карда шуданд.

Баъдан А. Назарзода ва дигар аъзои иттиҳодияи ҷиноятӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ваҳдат ба кормандони мақомоти  ҳифзи ҳуқуқ, ки ба иҷрои уҳдадориҳои хизматии худ барои таъмини амнияти давлат ва шаҳрвандон машғул буданд, ҳамлаи мусаллаҳона карданд.

Бо истифода аз норинҷакҳо якчанд таркишҳо содир карданд, дар натиҷа 10 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расида, 7 нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд. Ғайр аз ин онҳо бо паҳн кардани иттилооти иғвогарона дар сомонаи расмии ҲНИТ одамонро барои барҳам задани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карданд.

Ҳамин тавр роҳбарон ва аъзои ҲНИТ аз номи ислом, вале ба муқобили нишондодҳои ислом баромад карда, талош карданд, ки бо роҳи содир кардани амалҳои экстремистӣ ва террористӣ ваҳдати миллӣ, тамомияти арзӣ, истиқлолият ва амнияти ҷомеаро дар Тоҷикистон барҳам зананд. Муайян карда шуд, ки ҳадафи асосии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барҳам задани сохти конститутсионӣ, аз байн бурдани истиқлолият, вайрон намудани тамомияти арзӣ ва нест кардани амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст.

5-sud-tajikistan
ҲНИТ расман манъ карда шудааст

Мувофиқи моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсие, ки ҳадаф ва фаъолияти онҳо ба  содир кардани амалҳои экстремистӣ-террористӣ, бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ, ташвиқ ва тарғиби бадбинии нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ, маҳаллӣ ва динӣ равона шудааст, манъ мебошад.

Бо назардошти ҳолатҳои номбаршуда Суди Олии Тоҷикистон баъд аз омӯзиш ва баррасӣ аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонеъ намуда, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эълон кард, фаъолияти онро қатъ ва худи ҳизбро ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дод, нашрияи ҲНИТ-  ҳафтаномаи «Наҷот» ва сомонаи интернетии ҳизбро баст, ҳамчунин воридот ва паҳн  кардани маводи иттилоотӣ, аз ҷумла маводи аудиовизуалӣ, рӯзнома, адабиёт ва варақаҳои ҳизбро манъ кард.

Елена ТИСЛОВА,
Истанбул

Август 2, 2017 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ду сокини ноҳияи Ёвон барои риоя накардани қонуни танзим ҷарима карда шуданд
Дар Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯлоб хизматрасонии тиббӣ беҳтар мешавад
«ПЕШВОИ МАН-ИФТИХОРИ МАН». Дар Душанбе байни кӯдакони ятиму бепарастор озмун оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ҳунармандони Мастчоҳ соҳиби грантҳои раиси ноҳия шуданд
«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ -ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО». Дар Душанбе ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи роҳи оҳан доир шуд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон аксияи зимистона баргузор гардид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Майотта бар асари тӯфони Чидо беш аз 20 нафар ҳалок гардид
Сардии ҳавои Бадахшон сабаби ҷорӣ шудани маҳдудият дар интиқоли муътадили неруи барқ гардид
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Намоиш-озмуни «Меъмор-2024» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд
Онлайн-қарзҳо, такси, доруворӣ аз рӯи дорухат: Super App-и маъруф боз ҳам муносибтар шуд