Роҳбарияти Хадамоти алоқа, Маркази миллии қонунгузорӣ ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввал бо журналистон мулоқот мекунанд

Август 1, 2017 11:43

ДУШАНБЕ, 1.08.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Пагоҳ, 2 августи соли 2017 мутобиқи нақша нишастҳои матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2017  доир карда  мешаванд.
Нишасти матбуотии роҳбарияти  Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 август соати 9:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 40) таъйин шудааст.
Роҳбарияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони воситаҳои ахбори омма 2 август соати 10:00 дар бинои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Н.Қарабоев, 52) мулоқот мекунанд.
Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 август соати 14:00 журналистонро ҷиҳати иштирок дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли равон ба бинои Маркази миллии қонунгузорӣ даъват кардааст (ш.Душанбе, к. ак. Адҳамов, 13).
Хотиррасон мешавем, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои мамлакат баъд аз ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳа ва солона ҳар сол ду маротиба нишастҳои матбуотӣ баргузор карда, ба саволҳои намояндагони ВАО   посух медиҳанд.

Август 1, 2017 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад