Роҳбарони сохторҳои бехатарии саноатии ИДМ дар Гулистон ҷамъ меоянд

Август 9, 2017 16:10

      ДУШАНБЕ, 09.08. 2017/АМИТ «Ховар»/. 14-15  сентябри соли равон  дар шаҳри Гулистон, воқеъ  дар шимоли Тоҷикистон  ҷаласаи 15-уми Шӯрои  байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ оид ба бехатарии саноатӣ баргузор мегардад.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар»  аз Хадамоти назорати  давлатии бехатарии корҳо дар  саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ  доданд. Интизор меравад дар ҷаласаи  15-уми Шӯрои  байнидавлатии  ИДМ оид ба бехатарии  саноатӣ  масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ байни сохторҳои  марбут ба бехатарии саноати кишварҳои ИДМ  матраҳ гардад.

Бояд тазаккур дод, ки ба ҳайати Шӯрои байнидавлатии  ИДМ оид ба бехатарии саноат  нӯҳ кишвари  ИДМ-  Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон  ва Украина шомиланд.

Шӯро бо мақсади ҳалли проблемаҳои марбут ба бехатарии саноатӣ ва таъмини кафолати амнияти ҳаёт ва саломатии  кормандоне, ки дар иншооти хатарнок кор мекунанд, инчунин ҳифзи аҳолӣ ва муҳити зист  аз садамаҳои  техногенӣ бо назардошти истифодаи самараноки таҷриба ва дастовардҳои илмию техникӣ  созмон дода шудааст.

Мавриди зикр аст, ки ҷаласаи 14-уми Шӯрои  байнидавлатии  кишварҳои  ИДМ оид ба бехатарии саноатӣ  соли гузашта дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон доир гардида буд.

 

Август 9, 2017 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад