Рустами Эмомалӣ дар шаҳраки 104-и пойтахт иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ ифтитоҳ намуд
ДУШАНБЕ, 02.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳо бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли ҷавонон ва 20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳраки 104-уми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ ифтитоҳ гардид, ки пурра бо шароити мусоид барои истироҳату фароғат ва варзишу бозии кӯдакон таъмин мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд Иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ барои сокинони шаҳраки 104-уми ноҳияи Синои пойтахт ҳамчун туҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Соли ҷавонон ба истифода дода шуд.
Иншооти мазкур аз майдончаи универсалӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол, майдончаи бозию дилхушии кӯдакон муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, нишастгоҳҳо барои истироҳату фароғати сокинон, айвон барои гузаронидани расму анъана, чорабиниҳои оммавӣ ва нишасткурсиҳои сершумор дар атрофи майсазор иборат буда, он дар масоҳати 5792 метри мураббаъ доман паҳн кардааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити ин иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сифати корҳои иҷрогардида таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид дошт, ки ин ва дигар иншооти сохташавандаи пойтахт, ки барои истироҳату фароғати сокинони шаҳр ва махсусан бобати ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим фаро гирифтани наврасону ҷавонон пешбинӣ гардидаанд, бояд солҳои зиёд ба мардум хизмат расонанд.
Иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ бо назардошти тамрини нафарони дорои имконияти маҳдуд бунёд гардида, минбаъд дар он ин табақаи ҷомеа низ ба тамрин машғул мешаванд.
Дар рӯзи ба истифода додани иншооти мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба варзишгарони дорои имконияти маҳдуд туҳфаҳои роҳбарияти шаҳри Душанбе тақдим гардид.

Бояд зикр кард, ки иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Сементи тоҷик» бо маблағи беш аз як миллиону 50 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Бо бунёди ин ва дигар иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе дар баробари фароҳам омадани шароити арзандаи истироҳату фароғати сокинон, тамрину ба варзиш машғул шудани ҷавонону наврасон ва бозию дилхушии кӯдакон гӯшаҳои гуногуни пойтахт ободу зебо мегарданд, ки ин аз ҳадафҳои созандаи роҳбарияти шаҳри Душанбе дар самти мутобиқ намудани пойтахти кишвар ба меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ мебошад.









Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






