«Шарҳи бист ғазали Саъдии Шерозӣ» ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 01.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон аз ҷониби муҳаққиқон ва донишмандони риштаи адабиёт Ш.Исрофилниё ва М. Султонмамадова китоби «Шарҳи бист ғазали Саъдии Шерозӣ» ба нашр расид.
Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар сарсухани китоб муаллифон иброз медоранд, ки дар барномаҳои таълимии синфҳои 5-11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон дар ҳар як синф соатҳои муайяне барои таълими рӯзгор ва осори адибони форсу тоҷик пешбинӣ шудааст. Пажӯҳишгоҳи рушди маориф тасмим гирифтааст, ки осори суханварони бузурги адабиёти форсу тоҷикро ба таври сода шарҳу тафсир диҳад, то хонандагони тоҷик аз ин ганҷи шойгон бештар баҳра бардоранд.
Инак шашумин китоб аз он силсила «Шарҳи бист ғазали Саъдии Шерозӣ» аст, ки дар ҳаҷми 68 саҳифа ва бо теъдоди 500 нусха аз ҷониби матбааи «Нигор» ба табъ расидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад






