Соҳибкорони Тоҷикистону Чин ҳамоиш баргузор мекунанд

Август 17, 2017 09:51

ДУШАНБЕ, 17.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. 21 августи соли 2017 дар меҳмонхонаи «Шератон»-и шаҳри Душанбе ҳамоиши доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад.

Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд,  дар он роҳбарону намояндагони 25 ширкати бонуфузи музофоти Хайнан, ки дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва туризм фаъолият доранд, иштирок менамоянд.

«Рушди бахши хусусӣ, аз ҷумла соҳибкорӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодӣ буда, то имрӯз доир ба тақвияти шарикии давлат бо бахши хусусӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, соддагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ ва танзими фаъолияти иҷозатдиҳӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд»,- иброз дошта буданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2016.

Тавре манбаъ иттилоъ дод, ҳамоиши мазкур дар радифи ин нуктаҳои дар Паём зикргардида ва бо мақсади ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии  Тоҷикистон, таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ ва шарикони ҳамкор баргузор мегардад.

Бояд гуфт, ки баргузории ин ҳамоиш идомаи силсилафорум ва ҳамоишҳои тиҷоратию иқтисодии қаблӣ буда, барои тақвияти ҳамкории тоҷирони ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Август 17, 2017 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад