Сокинони зарардидаи деҳаи Хостави ноҳияи Дарвоз дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба хонаҳои нав мекӯчанд

Август 7, 2017 16:01

ХОРУҒ, 07.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бунёди хонаҳои истиқоматӣ барои 21 хонаводаи деҳаи Хостави ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз, ки моҳи июли соли равон бар асари ҷорӣ шудани сел манзилҳояшон аз байн рафтанд, бо суръат идома дорад. Раиси ҷамоати деҳоти Нулванд Аловиддин Афғонов гуфт, ки баъди сар задани ин офати табиӣ аъзои комиссияи махсуси ҳукуматӣ таҳти раҳбарии Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ба маҳали ҳодиса ҳозир шуда, бо оилаҳои зарардида мулоқот карданд. Ба зарардидагон барои бунёди манзил чанд мавзеъ дар ҳудуди ноҳия ва берун аз он пешниҳод гардид ва онҳо деҳаи Яхчисорро интихоб карданд.

Хонаҳои истиқоматӣ аз се ҳуҷра, ошхона иборат буда, дар маркази деҳаи нав ҳамзамон сохтмони бинои мактаби дорои 6 синфхона, бунгоҳи тиббӣ ва мағоза идома дорад.  Роҳи марказии деҳа низ ҳамвор гардида, рӯзҳои наздик роҳсозон онро мумфарш хоҳанд кард.

Сокинони ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо навбат барои бинокорон ғизо омода мекунанд. Раиси шаҳри  Хоруғ Арамбегим Маҳтобшоҳзода  ҳангоми супурдани кумаки сокинони шаҳр ба зарардидагон изҳор намуд, ки «ин кумаки аввалу охир нест, то ба анҷом расидани сохтмони хонаҳо ва инфрасохтори пурраи деҳа ин кумакҳо идома меёбанд».

 

Август 7, 2017 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад