ТӮҲФАИ ИДОНАИ БИНОКОРОН: дар шаҳри Роғун 2 мактаб ва бунгоҳи тиббӣ, дар ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ зеристгоҳи барқӣ бо иқтидори 110/10 кв сохта шуд

Август 31, 2017 11:18

ДУШАНБЕ, 31.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи тачлили 26 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози соли хониш аз ҷониби Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии Роғун» бо роҳбарии директор Манучеҳр Ҷамилзода дар деҳаҳои Ёли Гармоба, Саидони нав ва Ҳакимии ноҳияи Нуробод ва шаҳри Роғун ду муассисаи нави таълимӣ барои 640 хонанда,  зеристгоҳи 110 /10 кв ва бунгоҳи тиббӣ  мавриди истифода қарор гирифтанд.

Тавре аз Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии Роғун ба АМИТ “Ховар”  хабар доданд, ин аввалин муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Ёли Гармоба аст. Дар асоси таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони деҳаҳои навбунёд бо тамоми шароити арзандаи зиндагӣ таъмин мешаванд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 барои 320 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.

Корҳои сохтмонии мактаб аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ  «Босафо-19» моҳи апрели соли 2016 оғоз гардида, он туҳфаи навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва оғози соли нави хониш барои толибилмон  мебошад. Бинои муассисаи нави таълимӣ дуошёна буда, дорои толори варзишӣ барои 100 ҷои нишаст, маҷлисгоҳ барои 216 ҷои нишаст, китобхона, 15 синфхона, ошхона ва майдони варзишӣ мебошад. Тамоми синфхонаҳо, аз ҷумла, кабинети физика, химия, лингафонӣ, биология, лабораторияҳо бо тамоми шароит таъмин мебошанд. Ба ғайр аз синфхонаҳои фаннӣ ҳамзамон ду адад синфхонаи  таълими меҳнат барои духтарон ва писарон таъсис ёфтаааст.

То инҷониб барои аксар сокиноне, ки аз минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии Роғун ба деҳаҳои Ёли Гармоба ва Саидони нав кӯчидаанд, хонаҳои истиқоматӣ бо тамоми шароит, мактаби  замонавӣ, бунгоҳи тиббӣ сохта шудааст.

Бунгоҳи тиббӣ дорои тамоми шароити хизматрасонӣ буда, дар як рӯз имкони қабули 25 нафарро дорад.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33Ҳамчунин дар деҳаи Саидони нави Ҷамоати деҳоти Сичароғи шаҳри Роғун  бинои муосири Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33 мавриди истифода қарор гирифт. Дар ошёнаи якуми мактаб толори варзишӣ барои 80 ҷои нишаст, синфхонаҳои ибтидоӣ ва ошхона барои 36 ҷои нишаст пешбинӣ шудааст.

Дар қабати дуюми бино синфхонаҳои лаборатории физика, химия, биология, синфхонаи харбӣ ва маҷлисгоҳу китобхона ҷой дода шудаанд.

Ҳамчунин дар бинои мазкур 13 синфхона, 4 лаборатория ва ошхона барои 36 ҷои нишаст мавриди иcтифода қарор гирифт.

Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии Роғун» дар кӯчонидани сокинони минтақаи зериобшаванда, ҷобаҷогузорӣ ва таъмини шароити арзанда ба онҳо тадбирҳои заруриро сари вақт  ва дар муҳлати муайяншуда анҷом медиҳанд.

Зеристгоҳи нави 11010 КВ-и ҲакимӣБо мавриди истифода карор гирифтани Зеристгоҳи нави 110/10 кв-и  Ҳакимӣ дар деҳаи Лайрони ноҳияи Нуробод 30 ҳазор хонаи истиқоматӣ бо барқ таъмин мешаванд.  Зеристгоҳи мазкур бо мақсади дар оянда зери об мондани зеристгоҳи 35/10 кв-и деҳаи Чорсада ба Ҷамоати деҳоти Ҳакимии ноҳияи Нуробод кӯчонида шуд, ки он имкон дорад 26 деҳаро бо барқ таъмин намояд.

То инҷониб барои  таъмини деҳаҳои навбунёд бо барқ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии Роғун» корҳои назаррас анҷом ёфтаанд.  Аз ҷумла, дар ин муддат аз зеристгоҳи Ҳакимӣ то ҷамоати деҳоти Муҷихарфи ҳудуди ноҳия наздики 8 километр хати интиқоли неруи барқ кашида шудааст. Барои таъмини ҳамаҷонибаи аҳолӣ бо барқ  дар зеристгоҳи мазкур ду адад трансформатор  бо иқтидори 6 ҳазору 300 кв насб гардидааст.  Тавре иттилоъ дода шуд, зеристгоҳи мазкур ҳамзамон 3 деҳоти ноҳияи Нуробод ва як қисмати деҳоти Сичароғи шаҳри Роғунро бо барқ таъмин менамояд. Бо бунёди ду муассисаи нави таълимӣ барои 640 хонанда, бунгоҳи тиббӣ ва зеристгоҳи 110/10  бештари  сокинони деҳаҳои навбунёд  бо ҷои кори доимӣ таъмин гардида, ин раванд дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум замина  мегузорад.

Август 31, 2017 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд
Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар 3 ҳазору 772 гектар замини обӣ шудгор гузарониданд