Таҳкими механизмҳои миллӣ дар самти дастгирии занон дар Бонки миллӣ

Август 26, 2017 10:35

ДУШАНБЕ, 26.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон  бо иштироки намояндагони  Бонк  ва   Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа»    вохӯрӣ баргузор гардид.  Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот иштирокчиён мустаҳкам намудани механизмҳои миллӣ дар самти дастгирии занон, ташаккули заминаҳои қонунгузорӣ дар самти таъмини баробарии ҳуқуқҳои занон ва мардон, таҳия ва амалисозии маҷмӯи тадбирҳои давлатӣ дар самтҳои ҳимояи ҳуқуқҳои занон дар соҳаҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ ва баланд бардоштани мақоми занро дар ҷомеа муҳокима намуданд.

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова  зикр намуд: «Ифтихор дорем, ки имрӯз занон дар баробари мардон дар ҳамаи соҳаҳо ба фаъолияти пурсамар машғул буда, дар таҳкими дастовардҳои Истиқлолият ва бунёди давлатдории миллӣ саҳми сазовор мегузоранд. Шумораи занону духтарон дар Бонки миллии Тоҷикистон 254 нафарро ташкил дода, 34 нафари онҳо дар зинаҳои роҳбарикунандаи воҳидҳои сохторӣ фаъолият менамоянд ва ин ҳоло натиҷаи ниҳоӣ нест. Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба масъалаи бо кор таъмин намудани занҳо дар ташкилотҳои қарзӣ, махсусан дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд».

Зимни мулоқот ҳамчунин перомуни  Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» табодули афкор сурат гирифта, иштирокчиён оид ба таълиму тарбияи фарзандон, аз ҷумла, роҳ надодан ба тарғиби фарҳангу либоспӯшии бегона ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро     ибрози андеша намуданд.

Август 26, 2017 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад