Танзим — ба замона мувофиқ кардани анъанаҳои миллист

Август 2, 2017 11:53

ДУШАНБЕ, 02.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Таърихи мубориза ба муқобили исрофкорӣ, бегонапарастӣ, хурофоту анъанаҳои барои мардум нодаркор дар раванди муборизаи кӯҳна ва нав хеле дуру дароз мебошад. Муборизаи арабҳо ба муқобили ҷоҳилия, русҳо ба муқобили ришу мӯйлаб ва доманҳои дароз, аврупоиҳо ба муқобили риоя накардани беҳдошт ва даҳҳо чунин мисолҳо гувоҳи он мебошанд, ки муборизаи мо низ дар ин самт бесабаб нест. Ва он осон ҳам нахоҳад буд. Муқовимати иҷтимоӣ ва нофаҳмии қисме аз ҳамватанон, ҳадафҳои мазҳабӣ, маҳаллӣ, этникӣ ва даҳҳо омилҳои дигар  ба ин  раванди созанда, бунёдкорона ва миллатсоз халал хоҳанд расонид. Вале мо бо роҳбарии Пешвои миллати худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин кори бузург ҷасурона оғоз бахшидаем ва дигар ҳеҷ қуввае наметавонад пеши  чунин фарҳангсозии як миллати соҳибистиқлолро бигирад. Танзим рамзи  ободкориву созандагӣ ва роҳи беҳтарини ҳифз ва такмил додану  таҳким бахшидани анъанаҳои миллӣ,  ба замона мувофиқ кардану дароз кардани умри онҳо хоҳад гашт.

Вале таърихи сад соли охири мо нишон дод, ки мубориза ба муқобили исрофкорӣ, хурофотпарастию бегонапарварӣ сафарбар кардани қувваҳои тамоми ҷомеаро талаб дорад. Ва ин кори осон нест. Иттиҳоди Шӯравии забардаст ва Ҳизби коммунисти тавоно бо ҳама он имкониятҳое, ки доштанд, на танҳо расму оинҳоро ба тартиб надароварданд, балки як падидаи барои ҳамон солҳо ногуворро, чун қалин  аз байн бурда натавонистанд. Муборизае, ки мо сар кардаем,  ҳам аз лиҳози давлатӣ, ҳам динӣ, ҳам  фарҳангӣ ва ҳатто иқтисодӣ асосҳои хеле қавӣ дорад ва ба ҳамаи  талаботи   онҳо мувофиқат мекунад. Вале бояд гуфт, ки анъанаҳо табиати ба худ хос ва аҷоибе доранд, ки  онҳоро пешбинӣ кардан осон нест. Дар ҳолати аз байн бурдани яке  боз анъанаи нав тавлид меёбад, ки ба шароиту замона  созгор аст ва ба талабот ҷавоб мегӯяд, вале баъди чанд вақт он ҳам хислати манфии анъанаҳои пештара ва аз байн бурдашударо ба худ мегирад. Бинобар ин, чунин мубориза кори осон нест. Чуноне Ҳофизи лисон-ул-ғайб фармудааст:

Гӯянд санг лаъл шавад дар мақоми сабр,
Оре, шавад, валек ба хуни ҷигар шавад.

Баъди ба даст овардани истиқлолият ва озодӣ халқи мо ҳимояи   мероси миллиро яке аз вазифаҳои муҳими худ эътироф карда, ба фарҳанги миллӣ, суннату анъанаҳо ва ҷашну ойинҳои мардумӣ умри дубора бахшид.

Дар ин замина, мо истиқлолияти давлатиро ҳамчун рамзи озодиву соҳибихтиёрии кишварамон ба муқаддастарин ҷашни сиёсиву фарҳангӣ ва тантанаи давлатдории  миллиамон табдил додем.

Ҳамзамон бо ин як силсила ҷашнҳои бостонӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргон ва Садаро эҳё намуда, идҳои Рамазону Қурбонро расман ба фазои фарҳангии мамлакат ворид намудем, таҷлили идҳои соҳавӣ ва касбиро дар доираи қонунгузорӣ ба роҳ монда, дар кишвар низоми ягонаи гузаронидани ҷашну идҳои милливу диниро ба расмият даровардем.

Бо мақсади таъмин намудани нуфузи бештари суннатҳои фарҳангиву арзишҳои мардумӣ ва боз ҳам устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ бо ташаббуси Президенти мамлакат даҳ сол пеш Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки ин санад дар самти ба низому тартиб даровардани маросиму ҷашнҳои милливу динӣ нақши барҷаста гузошт. Вале раванди амалисозии ин қонун осону ҳамвор набуд. Мушкилоти ҷомеа дар дарк ва амалисозии ин қонун то ҳоло давом дорад ва 10-солагии қабули қонун баҳонаи хубест барои ёфтану ислоҳ кардани каҷравиҳо дар амалишавии ин қонуни миллӣ.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар суханронии худ   24 майи соли 2007 қонуни зикршударо ба сифати нахустин қонуни миллии танзимкунандаи маросиму анъанаҳои миллӣ   муаррифӣ  карда, таъқид намуда буданд: «Мо имрӯз барои тамоман аз байн бурдан ё барҳам додани расму ойинҳои халқӣ ва маросимҳои динӣ ҷамъ наомадаем, балки мақсади асосиамон ин аст, ки дар баробари муайян кардани меъёрҳои баргузории онҳо ба раҳоии мардуми кишвар аз банди худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ оғози нек бахшем».

Яке аз сабабҳои қабули қонуни мазкур аз он иборат буд, ки бо пайдо шудани равияҳои мазҳабии дорои хусусияти ифротӣ ва вусъат гирифтани тарғиботи зарарнок тавассути баъзе шабакаҳои интернет дар кишвар зуҳуроти бегонапарастиву тақлид ва хатар ба забону фарҳанг, бахусус, расму ойинҳои миллӣ ва ҳатто тарзи либоспӯшии мардуми мо, аз ҷумла занон торафт қувват гирифта, таассубу зиёдаравӣ ҳангоми баргузории як қатор маросиму маъракаҳо ба ҳукми анъана даромада буд.

Бо таъсири чунин раванд дар минтақаҳои гуногуни кишвар маъракаҳои сохтаву бофтаи ба фарҳангу мазҳаби мо бегона зиндагии табақаҳои камбизоатро, ки бе ин ҳам мушкилиҳои зиёд доштанд, вазнинтар гардонид. Вале дар баробари ин падидаҳои анъанавӣ солҳои охир бо таъсири филмҳо, мавҷгирҳои моҳворавӣ, шабакаҳои интернетӣ ва гурӯҳҳои алоҳида тарғиби либоси ба фарҳанги мо бегона дар шаҳру ноҳияҳои мо, бахусус, миёни занон вусъат гирифта истодааст, ки боиси нигаронӣ мебошад.

Ҳофизи  бузургвор  хеле зебо гуфтааст:

Боғи  маро чӣ ҳоҷати  сарву  санавбар аст?
Шамшоди  хонапарвари  мо аз кӣ камтар аст?

Зебоии либосҳои миллии мо барои ҷаҳониён писанд аст ва занони мо бо онҳо хеле зебову ҷаззоб ба назар мерасанд, пас чаро онҳо бояд ба дигарон тақлид кунанд?

Чунин вазъ моро водор месозад, ки  ба қонуни имрӯзаи танзим, ки ба беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар мусоидат намуд, тағйироту иловаҳо пешниҳод намуда, доираи фарогирии онро васеъ намоем, бисёр падидаҳои манфии пайдошударо  ба доираи таъсири ин қонун ворид ва  самаранокии  онро  бештар намоем.

Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки қабули қонун ҳамчун яке аз иқдомоти муҳимтарин дар самти ҳифзи анъанаҳои мардумӣ боиси ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими аҳли ҷомеа гардида, ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳоро дар кишвар ба низом даровард.

Фарҳанги миллӣ ба сифати пояи устувори маънавиёт ва таҳкими аркони давлатдорӣ арзиши ниҳоят бузург дошта, ҳифзи он ва ба ояндагон ба мерос гузоштани ин ганҷинаи маънавии халқи азизамон вазифаи давлат ва тамоми шаҳрвандони кишварамон ба шумор меравад.

Муҳим он аст, ки танзими расму русум ва оинҳои миллиамон барои устувории миллат ва ба ҳам наздик шудани минтақаҳои кишвар заминаи хуби таърихӣ  мегузорад. Яъне ин қонун ифодакунандаи давраи нави таърихи  миллати соҳибистиқлол, фарҳанги нави миллӣ ва рӯҳияи созандаву бунёдкоронаи миллатамон мебошад.

Сайфулло САФАРОВ,
профессор, вакили Маҷлиси вакилони халқи
шаҳри Душанбе, узви Шӯрои собиқадорони
ҲХДТ дар ш. Душанбе

Танзими анъана-2 Танзими анъана

Август 2, 2017 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
НЕРУИ СИЁСИИ ПУРИҚТИДОР ВА МАКТАБИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ ТАВОНО. Ба ифтихори 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
ИМРӮЗ-РӮЗИ ГЕОЛОГҲОИ ТОҶИКИСТОН. «Атласи равандҳои экзогениву геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид
ДАР ҲАМБАСТАГӢ БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ МУҚОВИМАТ НАМОЕМ! Мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар сиёсати давлатии Тоҷикистон масъалаи асосӣ аст
Конҳои Тоҷикистон дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданию ғайримаъданӣ мебошанд
МЕҲРГОН-ИДИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Ин ҷашни бостонии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид