Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳое шомил шудааст, ки осонтарин низоми гирифтани раводид доранд

Август 17, 2017 10:38

ДУШАНБЕ,17.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳое шомил шудааст, ки осонтарин низоми гирифтани раводид доранд. Дар ин бора маҷаллаи бритониёии “Wanderlust travel»  12 августи соли 2017  хабар дода, афзудааст: «Тоҷикистон 4-умин кишвари ҷаҳон аст, ки низоми осонтарини раводид дорад». Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба навиштаи маҷалла, Тоҷикистон соли гузашта низоми электронии раводидро ҷорӣ кард ва феълан барои гирифтани раводиди сафар танҳо пешниҳоди нусхаи шиноснома кофӣ мебошад.

Манбаъ муҳлати дастрас кардани раводиди Тоҷикистонро 1-3 рӯз арзёбӣ кардааст: «Танҳо ба шумо лозим аст, ки раводидро чоп намоед ва ҳангоми сафар бо худ бигиред».

«Wanderlust travel» ба панҷгонаи пешсаф-Озарбойҷон, Камбоҷа, Шри-Ланка, Тоҷикистон ва Ветнамро ворид намудааст.

 

Август 17, 2017 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад