УНВОН МУБОРАК! Муаллифи «Алифбо»-и тоҷикӣ соҳиби мукофоти давлатии Қирғизистон гардид

Август 31, 2017 12:54

ДУШАНБЕ, 31.08.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳурматхон Аҳмадалиева – мудири қисми илмии синфҳои ибтидоии  мактаби тоҷикии ба номи Садриддин Айнӣ, воқеъ дар деҳаи Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷои вилояти Бодкони Қирғизистон (дар акс) бо унвони баланди «Муаллими шоистаи Қирғизистон»  сарфароз гардид. Дар ин бора муовини  роҳбари Ҷамъияти  тоҷикони  Қирғизистон, сармуҳаррири рӯзномаи тоҷикии «Паёми Ала-Тоо» Қодир Муриватов (Қодиршоҳи Мурувват) дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии «Facebook» иттилоъ додаст.

Гуфта мешавад, ки Ҳурматхон Аҳмадалиева яке аз беҳтарин омӯзгорони забону адабиёти тоҷик дар Қирғизистон ба ҳисоб меравад. Маҳз бо кӯшишу эҳтимоми  ин зани босаводу боирода соли 2010 дар Бишкек  нахустин бор китоби «Алифбо» барои мактаббачагони тоҷикзабони  Қирғизистон таҳия ва  бо тавсияи  Вазорати маорифи Қирғизистон чоп шудааст. Ҳоло дар ҳамаи 9 мактабу даҳҳо  синфҳои тоҷикии Қирғизистон шогирдон аввалин ҳарфу овози тоҷикиро аз рӯи ҳамин китоб таълим мегиранд. Аз рӯи маълумотҳои Ҷамъияти тоҷикон, ҳоло дар Қирғизистон беш аз 50 ҳазор нафар тоҷикон зиндагӣ мекунанд.

Муаллима Аҳмадалиева дар ҳамаи корҳои   мактаби  азизаш ҳисса гузошта, дар гурӯҳи ҳунарии «Оҳанрабо», ки дар назди  мактаб амал менамояд, ҳамчун овозхон баромад мекунад.

Соли 2016 бо кумаки Хазинаи Роза Отунбоева, собиқ Президенти  ин кишвар  дар шаҳри Бишкек консерти тоҷикӣ доир шуда буд, ки дар он Ҳурматхон Аҳмадалиева ва дигар муаллимони  Мактаби ба номи  устод Айнӣ ҳунари волои худро ба сокинони пойтахти Қирғизистон намоиш дода буданд.

Хотиррасон менамоем, ки, бино ба иттилои агентии иттилоотии «Кабар», дирӯз, 30 август, Президенти Қирғизистон Алмазбек Отамбоев ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Қирғизистон Фармон «Дар бораи қадрдонӣ бо мукофотҳои давлатӣ»-ро  содир намуд. Тибқи ин фармон як гурӯҳ кормандони соҳаи илму маориф ва фарҳанг низ, ба шумули продюсери шабакаи телевизионии «Маданият, тарых, тыл» Аалы Кызы Назира, аккоси Осорхонаи миллии санъати тасвирии ба номи Г. Айтыев Эркинбек Болжуров, рассом Алмагуль Болокова, раиси Хазинаи байналмилалии фарҳанги ба номи Чжэн Хэ Берат Касмахунов, директори Агентии миллии иттилоотии «Кабар» Кубанычбек Таабалдиев, муаллимаи забон ва адабиёти тоҷики Мактаби ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Қадамҷои вилояти Бодкон Ҳурматхон Аҳмадалиева ва дигарон  бо  унвонҳои ифтихорӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Август 31, 2017 12:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд
Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар 3 ҳазору 772 гектар замини обӣ шудгор гузарониданд