Вазири маориф ва илм: «Мактабу донишгоҳ макони таълиму тадрис ва илмомӯзиянд, на ҷои худнамоию мошинсаворӣ»

Август 23, 2017 15:36

ДУШАНБЕ, 23.08.2017 /АМИТ  «Ховар»/. Минбаъд дар Тоҷикистон аз хонандаи одӣ то магистр ҳуқуқ надоранд, ки тавассути мошини шахсӣ ба муассисаҳои таълимӣ ба дарс оянд, яъне ҳангоми паси чанбари мошин нишаста ба дарс омадан онҳо аз донишгоҳ хориҷ карда мешаванд.  Дар ин росто 23 август  вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба чор қонуни соҳавии марбут ба соҳаи маориф- қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи  олии таълимӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» ва «Дар бораи маориф»  тағйиру иловаҳо ворид намуданд.

Нуриддин Саид, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунҳои мазкурро дар назди вакилони  Парлумон тавзеҳ дода, гуфт, ки тағйиру иловаҳо ба қонунҳои зикршуда  бо мақсади  ворид намудани меъёрҳо ҷиҳати манъи ба муассисаҳои таълимӣ  бо  воситаҳои нақлиёти механикӣ омадани хонандагон ва донишҷӯён ворид карда мешавад.  Дар сурати ба муассисаҳои таълимӣ  бо мошинҳои шахсӣ  омадани донишҷӯён, онҳо ба муҳлати то се сол аз ҳаққи таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳо маҳрум мегарданд. Хонандагони литсей  ва дигар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ  ба муҳлати як сол аз  муассисаҳои таълимӣ хориҷ карда мешаванд.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба қонунҳои соҳаи маориф  таъмини адолати иҷтимоӣ дар низоми тадрису таълими кишвар арзёбӣ карда афзуд, ки  «мактабу донишгоҳ ва тамоми муассисаҳои таълимии кишвар макони таълиму тадрис ва илмомӯзиянд, на ҷои худнамоӣ».

Ворид намудани  тағйиру иловаҳоро ба қонунҳои соҳаи маориф Нуриддин Саид муҳиму саривақтӣ  ва зарурӣ арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки   агар татбиқи  меъёрҳои қонунҳои мазкур аз як ҷиҳат ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва коҳиши сатҳи ҷиноятсодиркунӣ аз сӯи ноболиғон ва донишҷӯён мусоидат намояд, аз ҷониби  дигар, барои ба таҳсил ва дарсомӯзӣ бештар ҷалб гардидани хонандагону  донишҷӯён  замина мегузорад.  Зеро чандин ҳодисаҳои нохуши автомобилие, ки соли гузашта дар ҷумҳурӣ ба вуқӯъ  пайвастанд,  маҳз аз ҷониби хонандагону донишҷӯёне  содир гардидаанд, ки бо мошин ба дарс мераванд.

Тағйиру иловаҳо ба қонунҳои соҳаи маориф дар ҳолест, ки ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шудааст. Тибқи ин тағйирот, онҳо вазифадор гардидаанд, ки фарзандонашонро назорат намоянд, то бо мошинҳои шахсӣ ба дарс ҳозир нашаванд,  зеро риоя накардани ин талабот барои аз вазифа озод намудани хизматчии давлатӣ асос мегардад.

Август 23, 2017 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад