Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз қаллобии марде дар ҳаҷми 27 млн рубл хабар медиҳад

Август 25, 2017 16:04

ДУШАНБЕ, 25.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти сокини 38-солаи шаҳри Ҳисор хабар медиҳад, ки дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон- 27 млн рубл гумонбар мешавад.

Тавре аз Вазорат хабар доданд, зимни доир намудани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 38-солаи сокини шаҳри Ҳисор ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд. Номбурда моҳи ноябри соли 2016 ҳангоми дар шаҳри Толяттии Федератсияи Россия қарор доштанаш бо мақсади тиҷорати меваю сабзавот бо роҳи фиреб ба боварии соҳибкор, марди 39-солаи сокини ноҳияи Панҷ даромада, аз ӯ ба маблағи махсусан калон маҳсулоти меваю сабзавот харидорӣ намуда, як қисми маблағашро додааст. Қисми боқимонда- 27 миллион рубли Федератсияи Россияро аз они худ намудааст.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Август 25, 2017 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад