А. Муҳаммад: «Суханронии Пешвои миллат дар Иҷлосияи 72-юми СММ фарогири сулҳу субот, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва риояву ҳифзи ҳуқуқи инсон буд»

Сентябрь 26, 2017 09:35

ДУШАНБЕ, 26.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Агар 19 сентябри соли 2017 дар чорабинии сатҳи баланди сиёсӣ — мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми  Маҷмаи Умумии  СММ зери унвони «Рушди муштараки ҷаҳонӣ шарикии ҳамаҷонибаро дар ҳама сатҳҳо тақозо менамояд» кишварҳои абарқудрат ва пешрафта аз  қудрату  манфиатҳои  муҳим ва нуфузи худ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон баҳс менамуданд, суханронии Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саросар аз аҳамияти сулҳу субот, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва риояву ҳифзи ҳуқуқи инсон буд. Ин матлабро ноиби президенти АИ ҶТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Абдураҳмон Муҳаммад ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт.

Ба андешаи ин сиёсатмадори шинохта, суханронӣ аз  назари муқоиса ба дигар баҳсҳо  хеле пурмуҳтаво буд, ки  мазмуни он  аз рушди  муштараки  ҷаҳон  дар  шарикӣ ва ҳамкории  ҳамаҷонибаи   кишварҳо иборат мебошад.

Пешвои миллат дар оғози сухан аз раванди нави ҷаҳонишавӣ ва нақши СММ дар ҳамоҳангсозии кишварҳои аъзо вобаста ба муқовимат ба хавфу хатар ва таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ ибрози ақида намуданд. Дар баробари ин,  зикр намуданд, ки «…терроризм ва ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи мазҳабӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба амнияти кишварҳои мо хатари ҷиддӣ эҷод карда истодаанд. Ҳоло фаъолшавии гурўҳҳои террористиву ифротгаро  ва дигар ҷунбишҳои иртиҷоӣ дар нуқтаҳои доғи ҷаҳон амнияти тамоми мардуми  сайёраро зери хатар қарор додааст». Дар тақвияти ин гуфтаҳо Президенти  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як ҷуръати  бепоён таъкид намуданд, ки «амалҳои ваҳшиёнаи ин неру (гурўҳҳои  террористиву ифротгаро) ба дини мубини ислом  ҳеҷ гуна робита надоранд. Онҳо баръакс, мухолифи таълимоти  ахлоқӣ ва арзишҳои  таҳаммулгарову инсондўстонаи  ислом мебошанд».

Бояд тазаккур дод, ки дар марҳилаҳои гуногуни  таърихӣ вобаста ба вақт ва замон нақши  шахсиятҳои бузург хеле муҳим арзёбӣ мегардад, ки  чунин нафарон на танҳо миллату кишварҳои худро аз маҳву парокандагӣ эмин нигоҳ медоранд, балки  барои ҳимоя ва беҳбудии  вазъи дигарон низ талош меварзанд. Ин аст, ки  Пешвои миллат  дар  суханрониашон  ҳамоҳангсозии минбаъдаи талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва андешидани  тадбирҳои  наверо барои  қазияи Афғонистон арзёбӣ намуда, иброз намуданд, ки «мо аз ҷомеаи байналмилалӣ  даъват менамоем, ки  ба Афғонистон дар эҳёи ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ  ва рушди инфрасохтори нақлиётиву иртиботии он  мусоидату кумакҳои  ҳадафрас намояд».

Дар баробари ин, Пешвои миллат масъалаи ҳамкориро бо сохторҳои дахлдори СММ, созмонҳои минтақавӣ ва дигар кишварҳои  дуру наздик  баррасӣ намуда, вазъи  мубориза  бар зидди  гардиши  маводи мухаддир  ва татбиқи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши  ғайриқонунии маводи мухаддирро барои  давраи то  соли 2020 дар  Тоҷикистон муаррифӣ намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ  оид ба  «Ҳадафҳои рушди устувор» иқдомҳои муҳими  Ҷумҳурии Тоҷикистонро  муаррифӣ намуда, изҳор доштанд, ки кишвари мо «Стратегияи  миллии рушд то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати  рушд то соли 2020»-ро қабул кардааст. «Ин санадҳои барномавӣ бар пояи  Рўзномаи ҷаҳонии рушди устувор таҳия шудаанд ва мо  татбиқи саривақтиву самараноки онҳоро  саҳми кишвари худ дар амалӣ гардонидани Барномаи ҷаҳонии  рушд медонем». Инчунин иброз доштанд, ки  раванди татбиқи  Рӯзномаи  ҷаҳонии рушд-2030  барои  мусоидат  ба кишварҳои имконияташон маҳдуд  дар бахши маблағгузорӣ ва  таҳвили фанновариҳои  муосир  зарурати махсус дорад.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки имрўз шумораи зиёди кишварҳои ҷаҳон  вобаста ба  хусусиятҳои  ҷуғрофии худ ва  тағйирёбии   иқлим  ба хавфу хатар ва таҳдидҳои гуногуни замонавӣ рў ба рў шуда истодаанд.  Аз ҷумла, кишвари мо низ новобаста  аз дастовардҳои  назаррас  бо кушодани иншооти бузурги аср, бунёди неругоҳҳои барқӣ, ифтитоҳи роҳу нақбҳо, бедору  ғанӣ гардонидани  ифтихори миллӣ, вусъат бахшидан  ба вазъи таълиму тарбия ва тандурустӣ аз ин  раванд  эмин нест.

Ин аст, ки  Президенти кишварамон аз Созишномаи Париж оид ба иқлим  низ  ёдовар шуда, пешниҳод намуданд, ки «механизмҳои кумакҳои ҳамаҷониба ба кишварҳои осебдида пурзўр  карда шуда, бо ин мақсад бунёдҳои  байналмилаливу минтақавӣ таъсис дода шаванд». Дар ин радиф, Пешвои миллат  ҷонибдории худро аз ташаббусҳои ҷаҳонии «Энергияи устувор барои ҳама» ва  Даҳсолаи байналмилалии «Энергияи устувор  барои  давраи то соли  2024» таъкид намуда, изҳор доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати фаъолонаи худро  дар иҷрои  Рўзномаи Созмони  Милал оид ба об  идома хоҳад дод. Гузашта аз ин,  барои баргузор намудани  ҳамоиши  ифтитоҳӣ дар шаҳри Ню-Йорк Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об  барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва моҳи  июни соли 2018 дар  пойтахти  кишварамон  гузаронидани Конфронси байналмилалиро пешниҳод намуданд.

«Пажӯҳишгарони АИ ҶТ суханронии Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, дар иҷрои нуктаҳои  дахлдори он, ки рушди ояндаи кишварамон ба онҳо вобастагӣ дорад,  саҳмгузорӣ менамоянд. Мо  эътиқоди қавӣ дорем, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ гардонидани  нияту пешниҳодҳо ба хотири ояндаи дурахшони Тоҷикистон муваффақ мегарданд», -зикр намуд дар хотима ноиби президенти АИ ҶТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Абдураҳмон Муҳаммад.

Сентябрь 26, 2017 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Кумитаи телевизион ва радио бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Ду сокини ноҳияи Ёвон барои риоя накардани қонуни танзим ҷарима карда шуданд
Дар Беморхонаи марказии шаҳри Кӯлоб хизматрасонии тиббӣ беҳтар мешавад
«ПЕШВОИ МАН-ИФТИХОРИ МАН». Дар Душанбе байни кӯдакони ятиму бепарастор озмун оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ҳунармандони Мастчоҳ соҳиби грантҳои раиси ноҳия шуданд
«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ -ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО». Дар Душанбе ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи роҳи оҳан доир шуд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон аксияи зимистона баргузор гардид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Майотта бар асари тӯфони Чидо беш аз 20 нафар ҳалок гардид
Сардии ҳавои Бадахшон сабаби ҷорӣ шудани маҳдудият дар интиқоли муътадили неруи барқ гардид