Адвокат бо 8 000 доллари ИМА ҳукми судро тағйир доданӣ буд

Сентябрь 16, 2017 09:37

ДУШАНБЕ, 16.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгир гардидани як узви коллегияи адвокатҳои «Кафолат»-и мақоми минтақавии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сабаби қаллобӣ хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, ин нафар — Равшан Холиқов —  аз 9 апрели соли 2016 то 20 августи соли 2016 ҳамчун узви коллегияи адвокатҳои «Кафолат»-и мақоми минтақавии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Б. Қушмуродов даромадааст.

Номбурда барои гӯё ба воситаи мақомоти судӣ тағйир додани ҳукми Суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе ва кам кардани муҳлати ҷазои ҷиноятии нисбат ба бародараш таъйин гардида аз ӯ 8.000 доллари ИМА-ро ғайриқонунӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш истифода бурдааст.

Вобаста ба ин ҳолат нисбат ба Равшан Холиқов бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Сентябрь 16, 2017 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе