Агентии обуҳавошиносӣ: ҳарорати ҳаво дар Душанбе 2 дараҷа паст мефарояд

Сентябрь 16, 2017 10:13

ДУШАНБЕ, 16.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. То охири моҳи сентябр вазъи ҳаво дар кишвар тағйирёбандаи абрнок боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳо пастшавии ҳарорат, бориши боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, 16  сентябр дар ноҳияҳои ҷануби кишвар ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар бештари ноҳияҳо аллакай пастшавии ҳарорат ба назар расида, рӯзона гармӣ ба 34  дараҷа мерасад. Ҳаво дар  шимоли кишвар тағйирёбандаи абрнок гашта, пастшавии ҳарорат мушоҳида карда мешавад. Гармӣ дар водиҳо нисбат ба рӯзҳои қаблӣ 2 дараҷа паст шуда, ҳарорат рӯзона ба 32 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ ба 25 дараҷа мерасад.

Обуҳавошиносони кишвар барои сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пастшавии ҳарорат ва ҳавои абрноки борониро пешгӯӣ мекунанд. Дар шарқ ва ғарби вилоят ҳаво тағйиёбандаи боронӣ шуда, ҳарорат дар ғарб 22-27 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар шарқи он пас аз боридани барф ҳавои ноустувор ва ҳарорати паст пешгӯӣ шуда, ҳарорат дар ин мавзеъ ба 16 дараҷа мерасад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавошиносон ҳавои абрнок ва беборишро пешгӯӣ мекунанд. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 35 дараҷа мерасад.

Ба иттилои обуҳавошиносони кишвар, дар Душанбе агарчӣ мисли рӯзҳои қаблӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш боқӣ монад ҳам, вале ҳарорат шурӯъ аз имрӯз рӯ ба пастшавӣ оварда, аз 35 ба 33 дараҷа мерасад.

Сентябрь 16, 2017 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид