Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон: ҳарорат дар баъзе минтақаҳои мамлакат рӯ ба пастшавӣ меорад

Сентябрь 11, 2017 09:24

ДУШАНБЕ, 11.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 11 сентябр дар бештари минтақаҳои  мамлакат ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат дар баъзе ноҳияҳо аз 2 то 3 дараҷа паст мегардад.

Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ғарби вилоят шабона 6-11, рӯзона 23-28 дараҷа, дар шарқи ҳамин вилоят шабона 1-4 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр шуда, гармии ҳаво дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона 31-36 дараҷаро ташкил медиҳад.

Ҳаво дар  вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона ба 12-17 ва рӯзона ба 25-30 дараҷа мерасад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шудааст. Ҳарорат шабона 10-15 ва рӯзона  30-35 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, шабона 11-13 ва рӯзона 31-33 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Сентябрь 11, 2017 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад