Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон: то охири ҳафта ҳавои ҷумҳурӣ тағйирёбандаи бебориш боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 06.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 6 сентябр, дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, ин гуна вазъи ҳаво то охири ҳафта боқӣ мемонад.
Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ғарби вилоят шабона 9-14, рӯзона 25-30 дараҷа ва дар шарқи ҳамин вилоят шабона 1-4 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр шуда, гармии ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 34-39 дараҷаро ташкил медиҳад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш буда, ҳарорат дар водиҳо шабона ба 14-19 ва рӯзона ба 33-38 дараҷа мерасад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шудааст. Ҳарорат шабона 12-17 ва рӯзона 33-38 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, шабона 13-15 ва рӯзона 35-37 дараҷа гарм хоҳад шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






