ҒАЛАБА МУБОРАК! Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Катманду дастаи мунтахаби Непалро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд

Сентябрь 5, 2017 16:56

ДУШАНБЕ, 05.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Чанд дақиқа пеш дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври сеюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 бар  дастаи  мунтахаби футболи Непал бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бозии гурӯҳи «F» байни  дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Непал дар шаҳри Катманду баргузор шуд.

Ҳисобро дар дақиқаи 25-ум Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари дастаи мунтахаби Тоҷикистон боз кард. Баъди панҷ дақиқа голи дуюми меҳмононро Дилшод Восиев ба ҳадаф расонд. Дар нимаи дуюми бозӣ, дар дақиқаи 51-ум,   зарбаи бозингари мизбонон Бимал Ғартӣ Магар  ба ҳадаф расид.

Дар ҳамин ҳол дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷадвали мусобиқа бо се имтиёз  дар зинаи сеюм  қарор дорад. Дастаи Непал бо як имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми Осиё-2019 ба дастаи мунтахаби Яман бо ҳисоби 1:2 бохта буд. Ин бозии даври аввали гурӯҳи «F» 28 март дар пойтахти Қатар – Доҳа, дар варзишгоҳи Суҳейм Бин Ҳамад, ки мизбонии онро дастаи мунтахаби Яман бар уҳда дошт, барпо гардид.

Футболбозони тоҷик дар бозии дуюмашон, ки 13 июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, аз  дастаи мунтахаби Филиппин бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрда буданд.

Сентябрь 5, 2017 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад