Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба ниёзмандони шаҳри Душанбе кумак расонид

Сентябрь 4, 2017 14:50

ДУШАНБЕ, 04.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. 2 сентябри соли 2017 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии ниёзманди шаҳри Душанбе кумак расонид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази иттилооти ҶҲАТ хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода мешавад, кумак бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 4605 кг гӯшти гов ба 1500 нафар ниёзмандони 4 ноҳияи шаҳри Душанбе расонида шуд. Ҳамчунин бо пешниҳоди Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 35 нафар ниёзмандон тавассути кормандон ва волонтёрони ҶҲАТ кумак расонида шуд.

«Ба зиёда аз 30 хона-интернатҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе низ чунин кумак расонида шуд», — гуфта мешавад дар иттилоияи Маркази иттилооти ҶҲАТ.

Ҳамчунин 28 август ҶҲАТ дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Қатар ба 200 нафар шахсони имконияташон маҳдуд ва ниёзмандони 4 ноҳияи шаҳри Душанбе кумак расонид, ки он орд, шакар, равғани растанӣ ва биринҷро дарбар мегирифт.

Сентябрь 4, 2017 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад