АЗ ҚАЛЛОБОН ЭҲТИЁТ ШАВЕД! Заминфурӯш ба «ваъда»-аш «вафо» накард…
ДУШАНБЕ, 16.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нисбат ба Рустам Миразизов, узви хоҷагии деҳқонии «Бег»-и ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон бо моддаи 247, қисми 4 банди «б»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакии он идома дорад.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, номбурда бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрвандон М. Саидботирова ва Ҳ. Саидботиров даромада, онҳоро бовар кунонидааст, ки бар ивази 12.000 доллари ИМА аз ҳисоби заминҳои ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқлол»-и ноҳияи Бохтар ду қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда медиҳад. Рустам Миразизов маблағи мазкурро дар ду ҳолат дар манзили истиқоматиаш аз бародари М. Саидботирова гирифта, ягон амали ваъдадодаашро иҷро накардааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






