Баррасии масъалаи пешбурди медиатсияи тиҷоратӣ дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 27.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ташкилоти байналмилалии ҳуқуқ ба рушд (IDLO) дар мавзӯи «Медиатсияи тиҷоратӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: воқеияти масъалаҳои ҳалталаб ва роҳҳои ҳалли он» ҳамоиш баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҳамоиш раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид, мушовири калони ҳуқуқии Ташкилоти байналмилалии ҳуқуқ ба рушд (IDLO) дар Тоҷикистон Абдураззоқ Алимардонов, коршиноси байналмилалӣ Лилия Власова, директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Власова, Михел ва шарикон» ва роҳбарону намояндагони 45 муассисаи давлатӣ ва корхонаҳои бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар соҳаи саноат ва савдо, волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат фаъолият доранд, иштирок карданд.
Раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ҳадафи асосии ҳамоишро кушодани мавзӯъ оид ба медиатсияи тиҷоратӣ, яъне то суд нарасонидани баҳсҳои тиҷоратӣ, воқеияти он барои давлат ва инчунин шиносонидани гурӯҳи корӣ оид ба пешбурди медиатсияи тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои манфиатдор бо маърӯзаи мутахассиси IDLO оид ба медиатсияи тиҷоратӣ донист.
Мушовири калони ҳуқуқии Ташкилоти байналмилалии ҳуқуқ ба рушд (IDLO) дар Тоҷикистон Абдураззоқ Алимардонов зикр намуд, ки мавзӯи медиатсия (оштикунонӣ) гарчи дар Тоҷикистон нав аст, вале ҷараёни оштикунонӣ ё миёнаравӣ миёни мардуми мо таърихан вуҷуд дошт ва имрӯз ҳам ҳаст. «Он мисолҳое, ки аз Амрико ва Аврупо оварда шуданд, дар ин давлатҳо дар сатҳи қонунӣ бароварда шудаанд. Дар қонунгузории имрӯзаи мо чунин имконият вуҷуд дорад ва он дар кодексҳо пешбинӣ шудааст, яъне судя дар аввал кӯшиш ба харҷ медиҳад, то тарафҳоро бо ҳам оштӣ диҳад. Агар онҳо байни худ музокира бурда, ба як хулосаи умумӣ биёянд ва оштӣ шаванд, ин хеле хуб аст»,-зикр намуд ӯ.













«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд
Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар 3 ҳазору 772 гектар замини обӣ шудгор гузарониданд






