БОЗИҲОИ ОСИЁ-2017: варзишгарони тоҷик соҳиби боз 3 медали тилло шуданд!
ДУШАНБЕ, 26.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар рӯзи даҳуми 5-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ варзишгарони мо соҳиби 3 медали тилло шуданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Тоҳир Саид, ки дар шаҳри Ашқободи Туркманистон дар макони Бозиҳои Осиё қарор дорад, ба мо хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, дар рӯзи даҳуми мусобиқот 2 медали тиллоро аз намуди гӯштини самбо Акмалиддин Каримов дар вазни -57 кг ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -74 кг ба даст оварданд. Медали сеюми тиллоро Миҷгона Самадова аз намуди кикбоксинг сазовор шуд.
Акмалиддин Каримов дар вазни -57 кг нахуст Раҳматҷон Ахмедови ӯзбекистониро бо ҳисоби 9:0 шикаст дод. Сипас, варзишгари мизбон Карим Аллануровро бо ҳисоби 4:2 мағлуб кард. Дар нимфинал бар варзишгари қирғиз Белек Бараканов ва дар финал бар варзишгари Муғулистон Марал-Ердана Чимедорҷ пирӯз шуд.
Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -74 кг аввал Ҷасим Ҳамид (Ироқ), сипас Роҳат Башимов (Туркманистон), баъдан Галимжан Абдрахманов (Қазоқистон) ва дар финал варзишгари дигари тоҷик Мубориз Мунавваровро мағлуб кард.
Миҷгона Самадова дар вазни -60 кг дар намуди «Kick Light” рақобатро аз чорякфинал оғоз кард. Ӯ нахуст бар варзишгари мизбон Майса Гупбикова, баъдан бар Зайнаб Ҷабборӣ (Эрон) ва дар финал бар варзишгари дигари мизбон Гулзада Ҷорақулиева дастболо шуд.
Варзишгарони мо ҳамчунин як медали нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд. Медали нуқраро, тавре гуфтем, Мубориз Мунавваров дар вазни -74 кг аз намуди самбо сазовор гашт. Фаридун Одилов дар самбои ҳарбӣ (-82 кг), Сиёвуш Ибрагимов (-69 кг) ва Далер Тураев (-79 кг) дар намуди кикбоксинг соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд.
Ҳамин тариқ шумораи медалҳои Тоҷикистон ба 45 адад- 3 тилло, 11 нуқра ва 31 биринҷӣ расид. Кишвари мо дар ҷадвали ҳисоби медалҳо миёни 65 дастаи иштирокчӣ аз ҷои 27-ум ба зинаи 16 баромад.










Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд






