ЧАҲОР СТРАТЕГИЯИ МУВАФФАҚ, ё андешаҳои доктори илмҳои фалсафа, профессор Махфират Хидирзода дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 07.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолият ҳамчун рамзи муҳими давлатдорӣ василаи беҳтарини шинохти миллатҳо дар арсаи ҷаҳонӣ буда, раванди мутассилу давомнок, рушёбанда ва тағйирпазир маҳсуб мешавад.
Заминабахши ҳама гуна истиқлолияти давлатӣ, пеш аз ҳама, мафкура ва ҷаҳонбиниест, ки инсонҳоро дар шинохти асолат ва рисолати хеш муваффақ гардонида, талош ва кӯшиши онҳоро баҳри мустақилона муайян намудани тақдири худ, дарёфти роҳи муваффақият баҳри расидан ба саодати комил, раҳидан аз вобастагию тобеият такон мебахшад. Истиқлолхоҳӣ ҳамчун категорияи равонию сиёсӣ ифодакунандаи рӯҳияест, ки ҷомеаҳо бо такя ба он неруи равонӣ ва иҷтимоии худро қавӣ гардонида, ҳадафҳояшонро марҳила ба марҳила амалӣ месозанд. Хусусияти ин падида дар он аст, ки дар ҷомеаҳо ва низомҳо рӯҳбаландии иҷтимоӣ устувор гардида, субъектҳои сиёсат бештар ба он меҳваре таваҷҷуҳ менамоянд, ки ин ғояро тақвият мебахшад.
Рӯҳияи истиқлолхоҳӣ, пеш аз ҳама, тамоюли равонию иҷтимоӣ буда, ба он бедории мафкура, огоҳӣ аз таърихи гузашта, мустақилияти қабули қарор, ифтихори мансубият ба ин ё он умумияти иҷтимоию таърихӣ, талош баҳри муаррифии нерую рисолати хеш ва дар ин замина кӯшиш баҳри ба даст овардани мавқеи сазовор ва баробар бо дигар субъектҳо хос мебошад. Истиқлолхоҳӣ ҳамчун хислате, ки дар ботини инсонҳои комил ҷой дорад, рӯҳияи фарогирандаи тамоми ҷомеа гашта, ба он имконият медиҳад, то моҳият ва мақсади мавҷудияти худро шиносад, зеро саодати комили ҳама гуна ҷомеа фақат ҳамон вақт ба даст меояд, ки агар онҳо имконияти мусоиди мавҷудияти мустақилонаро дошта бошанд. Чуноне сиёсатшиноси тоҷик А. Муҳаммад зикр мекунад, «истиқлол арзишест, ки решаи асосии он истиқлоли шахсӣ аст. Истиқлол хоси инсон аст ва ҷомеае, ки истиқлолашро аз даст дода бошад, бад-ин маъност, ки афроди он ҷомеа аз истиқлоли худ бехабаранд». Маҳз аз ҳамин сабаб «Истиқлолият»-ро ҳамчун арзиши муҳими сиёсӣ баҳогузорӣ намуда, ба даст овардани онро омили муҳими рушди арзандаю устувор метавон эътироф намуд.
Истиқлолият ҳамчун раванди таърихию иҷтимоӣ ва сиёсӣ хусусияти давомдор дошта, ҳар як марҳилаи он вобаста ба вижагиҳои худ фарқкунанда мебошад. Соҳибистиқлол гаштан- ин марҳилаи аввали расидан ба мақсади худсозӣ мебошад, ки тавассути хамгироии зичи ҷомеа, талошҳои созанда, рӯҳияи истиқлолхоҳӣ ба даст омада, тақозо менамояд, ки он ҳамчун арзиши тағйирпазир ва рушдёбанда доимо ҳифз карда шавад. Тағйирпазирии ин раванд аз омилҳои гуногуни дохилӣ ва берунӣ, объективӣ ва субъективӣ вобаста буда, сафинаи дар баҳр қарордоштаро мемонад, ки фақат идоракунии дуруст метавонад онро аз фалокат наҷот диҳад.
Таҳлили раванди соҳибистиқлолии давлати мо низ бозгӯи ҳақиқати болозикри назариявист, ки воқеияти имрӯза онро бо тамоми ҷузъиёташ собит намуда истодааст. Таҷрибаи иҷтимоию сиёсӣ нишон медиҳад, ки истиқлолияти сиёсӣ заминагузори асосӣ барои расидан ба истиқлолияти комили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ буда, раванди пуртаззод ва мушкил мебошад, ки ба он трансформатсияи муносибатҳои иҷтимоӣ, ислоҳоти низом ва сохтор, ташаккули ниҳодҳои комилан нави ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯ, мавқеъгирии дуруст дар муносибатҳои беруна ва тақвияти қобилияти худмуҳофизатӣ дар самтҳои гуногун хос мебошад.
Дар таҷрибаи давлатдории мо ҳадафҳои стратегӣ дар тӯли 26 соли соҳибистиқлолӣ муваффақона муайян ва татбиқ шуда истодаанд. Муваффақияти ин амал аз идоракунии дуруст вобастагии зич дорад. Дар ин самт мактаби сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти муҳими таърихӣ дошта, онро метавон механизми таҳрикдиҳандаи рушд дар замони соҳибистиқлолӣ ва тақвиятбахшандаи пояҳои истиқлолияти давлатӣ номид.
Таҷрибаи идоракунӣ дар давоми зиёда аз ду даҳсолаи сипаришуда нишон медиҳад, ки банақшагирӣ ва пешбинии сиёсии Роҳбари давлат муваффақияти идоракунии пайгиронаро таъмин намуда, ба дуруст муайян намудани афзалиятҳо баҳри ҳалли мушкилиҳои ҷомеа таъсири калидӣ расонида истодаанд. Дар робита ба ин метавон аз якчанд стратегияҳои комилан нав, ки дар раванди давлатсозии муосири мо истифода шудаанд, ёдовар гашт.
Стратегияи нахустини мукаммал — ин баровардани кишвар аз ҷанги шаҳрвандӣ, ки ба решакан намудани зуҳуроти зӯроварӣ ва хушунату куштор, рӯҳияи ноумедӣ, нобоварӣ ба ҳокимият, парокандагии ғоявӣ, бадбинӣ, бозгардонидани гурезагони иҷборӣ, куллан тағйир додани имиҷи давлат дар арсаи байналмилалӣ асос ёфта буд, самаранокии худро собит намуда, нишон дод, ки барои муваффақ гаштан дар самтҳои дигар, пеш аз ҳама, раҳоӣ аз буҳрони сиёсӣ зарур мебошад. Ин аст, ки ҳамчун нишондиҳандаи рушди устувор суботи сиёсӣ қабул гашта, дар заминаи он таҳкими муносибатҳои созанда ва пешрафти иқтисодӣ имконпазир мегардад. Ин стратегия муносибати комилан нави сиёсиро, ки ба созиш ва гузаштҳо асос ёфта, принсипи ҳалкунанда дар он таҳаммулпазирӣ ва фарҳанги баланди сиёсӣ буд, ба ҷомеа муаррифӣ намуда, стреотипҳои мавҷудаи сиёсиро вобаста ба муносибатҳои ҳокимият ва идоракунӣ дарҳам зад. Яъне, ин талаботи ҷомеа, ки дар ҳамон вақту ҳамон макон татбиқи он зарур ва ногузир буд, аз ҷониби Сарвари сиёсӣ ба хубӣ дарк карда шуда, механизми татбиқи он самаранок фаъолият намуд.
Натиҷаи татбиқи ин стратегия таҳкими ҳокимияти сиёсӣ, раҳоӣ аз буҳрони сиёсии марговар, афзудани боварии ҷомеа ба ҳокимияти сиёсӣ, таъмини ҳамгироии иҷтимоии ҷомеа, ташаккули низоми сифатан ва мазмунан нави муносибатҳо дар доираи низоми сиёсии навтаъсис ва шинохту эътирофи Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид. Татбиқи ин стратегия бори дигар собит сохт, ки Сарвари давлат дар таҷрибаи умумии давлатсозии худ, пеш аз ҳама, ба принсипҳои эҳтироми арзишҳои умумиинсонӣ, адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун, ки омилҳои муҳим дар идоракунии самарабахш маҳсуб меёбанд, такя менамояд. Бузургтарин ва бебаҳотарин натиҷаи ин стратегия, ки мо имрӯз эҳсос намуда истодаем, ин ваҳдати сартосарӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ дар ҷомеа аст, ки пояҳои истиқлоли давлатро таҳким бахшида истодаанд.
Стратегияи муҳими дигар- ин ташаккули ифтихори миллӣ, тавассути тарғиби андешаи миллӣ, таҳкими ҳамгироии иҷтимоӣ, умумияти ғоявӣ ва шинохти асли хеш маҳсуб меёбад, ки дар ҷодаи таҳкими давлати миллӣ аҳамияти бағоят саривақтӣ дорад. Маълум аст, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари дар чорроҳаи тамаддунҳо ҷойгирифта аз нигоҳи геополитикӣ ва геостратегӣ осебпазир арзёбӣ гардида, дар ин паҳно бунёд ва таҳкими давлати миллӣ масъалаи басо душвор мебошад. Давоми 26 соли соҳибистиқлолӣ мо эҳсос менамоем, ки кӯшишҳои таҳмили ақидаҳои бузургманишии миллӣ, тавассути таҳоҷуми иттилоотию фарҳангӣ мақсаднок ва бошуурона аз ҷониби қувваҳои манфиатдору ғаразҷӯ амалӣ шуда истодаанд. Ин кӯшишҳо инъикоси амиқи худро дар пайдоиши ақида ва рафторҳои хусусияти номувофиқ бо ҷомеа доштаашон нишон дода меистанд.
Аз назари аввал чунин менамояд, ки ба даст овардани истиқлолият метавонад умумият ва ҳамгироии миллатро таъмин намояд. Миллатсозӣ ва давлатсозӣ равандҳое мебошанд, ки якдигарро пурра месозанд. Дар баробари ин, метавон миллатро бо тамоми ҳувияташ нигоҳ дошт, вале дар давлатсозӣ муваффақ нашуд. Аз ин рӯ, детерминизми таърихию сиёсӣ тақозо менамояд, ки ташаккул ва рушди ифтихори миллиро метавон ҳамчун яке аз василаҳои муҳими таҳкими давлатдории миллӣ истифода бурд. Аз байн бурдани бегонагӣ ба ҳокимияти сиёсӣ, боло бурдани талошҳои аҳли ҷомеа баҳри саҳмгузорӣ дар рушди кишвар, нишон додани садоқат тавассути амалҳои созанда, дарки муқаддас будани мафҳуми «Ватан», пурзӯр шудани эътимод ба ҳокимияти сиёсӣ, дастгирии доимӣ аз сиёсати давлат, эътирофи он аз ҷониби аксар қувваҳои сиёсӣ нишонаҳои муҳими муваффақ гаштани миллат дар роҳи таҳкими давлатдорист. Садҳо мисолҳо метавон овард, ки ҳатто он фарзандони сарзамин, ки берун аз ҳудуди мамлакат зиндагӣ мекунанд, талош мекунанд, то сармояи худро маҳз дар ватан гузоранд ва дар ободии он саҳм гиранд. Ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсӣ, ки дар фазои сиёсии кишвар фаъолият доранд, новобаста ба тафовутҳо дар ақида ва мақсаду манфиатҳои худ имрӯз тарғибгари фаъоли ғояҳои миллӣ мебошанд, ба истиснои он фурӯхташудагоне, ки миллату давлат барои онҳо арзише надошта, касифии худро бар сари дигарон бор карданӣ мешаванд.
Бедории андешаи миллӣ омили муҳими таҳкимбахшандаи фарҳанг, забон ва арзишҳои таърихан ташаккулёфтае мебошад, ки моро барои муваффақ гаштан дар раванди давлатсозии миллӣ муваффақ месозанд. Дар ин роҳ амалҳое, ки роҳандозӣ карда шуда истодаанд, ба бедории ҳисси миллӣ, шинохти асолати худ ва идома додани корҳои созандаи гузаштагон нигаронида шудаанд. Зеро амалия собит намуда истодааст, ки пойдории давлати миллӣ бе таҳкими пояҳои ҳувияти миллӣ аслан номумкин аст. Ин аст, ки пайваста ташвиқ ва дар шуури ҷомеа ҷой намудани ғояҳои ифтихори миллӣ амали зарурӣ ба ҳисоб рафта, он имконият медиҳад, то ҳар як шахси ватандор ҳастии худро маҳз ба ҳастии ватану сарзамини аҷдодӣ маҳсуб донад. Баланд будани рӯхияи миллӣ омили муҳими таъминкунандаи муваффақият дар раванди давлатсозист, зеро миллате, ки рӯҳияи баланд надорад дар рӯ ба рӯи мушкилиҳои дар ин раванд пешоянда метавонад маъюс гашта, истиқлолияти худро осебпазир гардонад.
Ҳадафҳои стратегии имрӯзаи давлат, ки баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти энергетикиро пешбинӣ менамоянд, бори дигар собит месозанд, ки дар модели давлатсозии мо ҳадафҳо аз рӯи бартарияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ муайян шуда, татбиқи самараноки онҳо ба болоравии сатҳи зиндагии мардум, эътимоду эътиқоди онҳо ба ояндаи дурахшон, рӯҳбаландии иҷтимоӣ мусоидат намуда истодааст. Татбиқи ин амалҳо истиқлолияти иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангии моро таҳким бахшида, баҳри рушди устувори давлатдории миллии мо мусоидат хоҳанд намуд. Татбиқи ин ҳадафҳо низ аз сатҳи ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандорӣ вобастагии зич доранд. Зеро шахсе, ки дар вуҷуди худ ифтихор ва ғурури миллию ватандорӣ надорад, ҳарчанд беҳтарин мутахассис ҳам бошад, аз ӯ умеди вафо ва садоқат ба ин сарзамину ин миллат кардан хатост. Инро таҷрибаи зиндагӣ собит намуда истодааст.
Агар ба таърихи даврони шӯравӣ назар кунем, мебинем, ки одамон таҳти нидои «Барои Ватан», «Барои Сталин» ба шадидтарин муҳорибаҳо ворид мешуданд, худро ба пеши танкҳои душман партофта, намегузоштанд, ки қадами нопоки душман хоки Ватанро олуда созад, бо тани худ пеши тири пулемётчиёнро мепӯшониданд, то дигарон ба пеш рафта, Ватанро аз душман озод намоянд. Рӯҳияе, ки он замон тамоми ҷомеаро фаро гирифта буд, рӯҳияи мубориза баҳри озодӣ ва истиқлоли ватан буд, ки мардумро, новобаста ба миллату нажод, мансубияти динию мазҳабӣ ва сатҳи иҷтимоӣ фаро гирифта буд. Шиори даъватии «Ватан-Модар даъват мекунад!» (Родина-мать зовет!) ё суруди «Бархез, эй кишвари бузург» (Вставай, страна огромная), ки ба сифати марши ҳувият баромад мекард, даъвате буд, ки аз хурд то калонро бетараф гузошта наметавонист. Ин ҳама бозгӯи он буд, ки нангу номус ва ифтихори ватандорӣ таконбахшанда ва таҳрикдиҳандаи ҷомеа ба бузургтарин дастовардҳо дар роҳи ватансозӣ мебошанд. Аз ин рӯ, бо боварӣ метавон гуфт, ки гузоштани хишти худшиносӣ ва устувор намудани бинои он дар зеҳни ҷомеа аҳамияти муҳими сиёсӣ дошта, заминагузори рушди давлатдории миллӣ мебошад. Ин омил дар замони муосири ҷаҳонишавӣ аҳамияти махсус пайдо кардааст.
Стратегияи сеюм— ин фаъолият дар самти эмин нигоҳ доштани арзишҳои иҷтимоии умумипазируфта аз олудашавӣ бо меъёрҳои таҳрифшудаи динию мазҳабӣ ва миллии бегона мебошад, ки таҳти таъсири омилҳои берунӣ ба миллати мо бор шудаанд. Вобаста ба ин файласуфи тоҷик Назрӣ Яздон зикр мекунад, ки «вобастагии сиёсии чандинасра дар шуури мо бадтарин таассубҳоро ҷой кардааст, ки имрӯз барои тараққии миллӣ зарари сахт мерасонанд: ҳам таассуби миллӣ, ҳам таассуби динӣ ва ҳатто таассуби мазҳабӣ…». Дар робита ба ин метавон зикр намуд, ки қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» як навъ интиқоби иҷтимое маҳсуб меёбад, ки таҳаввулоти ҷиддиро дар мафкура ва зеҳни мардум ба вуҷуд овард. Ин самти фаъолият самти ниҳоят муҳим буда, онро метавон як навъ инқилоби иҷтимоӣ номид. Чуноне ки олимон исбот намудаанд, «инқилобҳои иҷтимоӣ зиддиятҳои сершумореро ҳал мекунанд ва барои пешрафти неруҳои истеҳсолӣ замина мекушоянд, ба озодшавии неруи инсонӣ мусоидат намуда, оммаҳои халқро ба зинаҳои нави рушд мебардоранд, раванди озодшавии шахсият, рушди маънавӣ ва ахлоқии ӯро ба зинаи навтаре мебардоранд ва ҳамчун инкори диалектикаи форматсияи пешина аз чизҳои кӯҳна пешқадамтарро нигоҳ медоранд». Вобаста ба ин бояд эътироф намуд, ки дигаргуниҳои иҷтимоӣ, бахусус он таҳаввулоте, ки дар арзишҳо ва меъёрҳои ташаккулёфта ва дар умқи ҷомеа ҷойгирифта мегузаранд, сараввал метавонанд боиси нофаҳмиҳо ҳам гарданд. Вале таҷрибаи даҳсолаи татбиқи ин амал нишон дод, ки ҷомеа ба моҳияти он ба пуррагӣ сарфаҳм рафта, ҷавҳари аслии онро дарк намуд. Он тағйиру иловаҳое, ки ба ин қонун ворид гаштанд, марҳилаи нави шинохти арзишҳоро оғоз бахшидаанд ва воқеан ҳам баҳри даст кашидан аз хурофоту таассуб мусоидат менамоянд. Натиҷаи ин амалро ҷомеа баъди муҳлати муайян боз хубтар дарк намуда, баҳогузорӣ хоҳад намуд.
Стратегияи чорум, ки бидуни он устуворӣ ва рушди давлатдории миллӣ номумкин аст, ин сиёсати муваффақи хориҷӣ мебошад. Ҳеч як давлат наметавонад дар танҳоӣ ва алоҳидагӣ, бидуни робитаҳои неки ҳамҷаворӣ вуҷуд дошта бошад. «Низоми давлатдорӣ бояд аз ҷониби дигар давлатҳо низ эътироф карда шавад. Эътироф гардидани истиқлоли давлат аз ҷониби давлатҳои дигар маънои онро дорад, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои дар сатҳи ҳуқуқи байналхалқӣ аз тарафи ин давлат эътироф гардида, принсипи дахолатнопазирии корҳои дохилии ин давлат эътироф гардидааст». Қудрат ва нуфузу эътибори сарварони давлатҳо дар рушди муносибатҳои хориҷӣ омили муайянкунанда буда, он таъсири бевоситаи худро ба шинохту эътирофи давлат дар арсаи байналмилалӣ мерасонад.
Сиёсати хориҷии мо, ки аз рӯи принсипи «Сиёсати дарҳои кушода» амалӣ гашта истодааст, имконият дод, то кишвари мо дар уқёнуси пурталотуми муносибатҳои байналмилалӣ, ки дар он аслан фақат манфиатҳо нақш мебозанд, масири муътадилро пеша намуда, муваффақона сафинаи давлатдориро пеш барад. Сиёсатмадори маъруф М.Тэтчер вобаста ба ин менависад, ки «сиёсати хориҷӣ ва таъмини амният ин, пеш аз ҳама, истифодаи қувва ва қудрат барои ба даст овардани мақсадҳои худ дар муносибат ба кишварҳои дигар мебошад», ки гуфтаҳои болоро тасдиқ мекунад.
Дар сатҳи байналмилалӣ қабул гаштани пешниҳодҳои башардӯстона ва ба ояндаи нек нигаронидашудаи Пешвои миллати мо бозгӯи он ҳақиқати бебаҳс мебошанд, ки чеҳраи сиёсии Сарвари давлати мо ҳамчун сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ кайҳо эътироф шудааст ва ин шинохт шинохти миллати тоҷик ва Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад Воқеан ҳам, дар замони муосири ҷаҳонишавӣ дар муносибаҳои кунунии байни абарқудратҳо мавқеи мустақилона ва мувозиро интихоб намудан ва пеш бурдан, ин пеш аз ҳама, нишонаи қудрати бузурги сарварист, ки онро ҳамагон аллакай эътироф намудаанд.
Таҳлили ин стратегияҳо ва даҳҳо дигар иқдомҳое, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ амалӣ гардидаанд, шаҳодати онанд, ки масири давлатдории моро шахсияти таърихие идора карда истодааст, ки азмаш комил, иродааш мустаҳкам, хирадаш воло, масъулияташ баланд ва номусу ифтихори давлатдорию ватандориаш сипари Тоҷикистони азиз аст.
Махфират ХИДИРЗОДА
Маълумоти АМИТ «Ховар»:
Махфират Хидирзода 6 сентябри соли 1973 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Соли 1995 Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдулло Рӯдакиро хатм намудааст.
Баъди хатми донишгоҳ дар муассисаҳои олии таълимии Кӯлоб ва Душанбе ба сифати омӯзгор ва муовини декани факулта ифои вазифа намудааст.
Аз моҳи феврали соли 2005 то моҳи ноябри соли 2013 — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикитстон. Солҳои 2010-2013 дар вазифаи муовини раиси Кумитаи МН МО ҶТ оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон кор кардааст.
Аз 23 ноябри соли 2013 то 27 январи соли 2016 ба ҳайси Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷимкистон фаъолият намудааст.
Аз 27 январи соли 2016 — муовини Раиси вилояти Хатлон.
Доктори илмҳои фалсафа, профессор. Дар мавзӯи «Мактаби сарварӣ дар замони таҳаввулоти ҷомеа (дар мисоли Тоҷикистон)» рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст.
Соли 2000 бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илм ва соли 2011 бо медали ҷашнӣ ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.